04:55:27 29-уми Июни 2025 сол

КУШТА ШУДАНИ НИЗОМИЁНИ РУС

Вазорати дохилаи Тоҷикистон хабар дод, ки дар асари сонеҳае, ки шаби 15 сентябр дар роҳи утумубилгарди Душанбе-Данғара иттифоқ уфтод, чаҳор низомии Русия, аз ҷумла як афсари баландрутба - сарҳанг (подполковник) Павел Кулаковский, кушта шудаанд. Тибқи иттилоъи ин манбаъ, чаҳор низомии дигари рус ва ронандаи минибуси роҳсозони чинӣ дар асари бархӯрди КАМАЗ ва минибус ва сарозер шудани онҳо аз баландӣ ҷароҳатҳои сангин бардошта ва ба бемористони марказии шаҳри Норак мунтақил шудаанд.

 

Пизишкон вазъи саломатии онҳоро вахим арзёбӣ кардаанд. Ба гуфтаи Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯйи вазорати дохилаи Тоҷикистон, сонеҳа ба далели риъоят нашудани қавоъиди роҳ аз сӯйи ронандаи минибуси марбут ба ширкати сохтмонии "Чайна роуд" рух додааст.

 

Ин минибус дар натиҷа бо утумубили борбари марбут ба низомиёни рус бархӯрд кардааст. Бархе манобеъ мегӯянд, ки комюни ҳомили низомиёни рус ба пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон таъаллуқ дошта ва афроди кушташуда ва захмӣ кормандони Дидбонгоҳи фазоии "Окно", воқеъ дар минтақаи Норак, будаанд.

 

Гуфта мешавад мошини борбари КАМАЗ равонаи пойгоҳи низомии мавсум ба "Момирак" барои ширкат дар тамриноти ситоди Нерӯҳои дастаҷамъии вокуниши сареъи минтақаи Осиёи Марказӣ буд, ки бояд рӯзҳои 17 то 25 сентябри соли ҷорӣ дар баргузор шавад, будааст. Пойгоҳи "Момирак" дар 200-килуметрии ҷануби шаҳри Душанбе воқеъ аст.

 

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ