17:13:39 16-уми Июни 2025 сол

РАҚОБАТИ АМРИКО ВА РУСИЯ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ БЕШТАР ХОҲАД ШУД

Коршиноси масоили сиёсии минтақа таъкид кард, ки пас аз соли 2014 рақобат миёни Амрико ва Русия барои нуфуз бар Осиёи Марказӣ сахттар хоҳад шуд.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии lenta.ru, Пётр Бологов бо ишора ба хуруҷи низомиёни амрикоӣ ва НАТО аз Афғонистон дар соли 2014 ва талоши физояндаи Вашангтон барои истиқрори пойгоҳҳо ва неруҳои худ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, муътақид аст, ки ин минтақа ба саҳнаи рақобати шадиди Иёлоти муттаҳида ва Русия табдил хоҳад шуд, чунки аз ҳамакнун мақомоти Кохи сафед бо додани ваъдаи кумакҳои молӣ ва таслиҳотӣ ба се кишвари Узбакистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон дар паи ба даст овардан мувофиқати сарони ин ҷумҳуриҳо барои таъмини ҳузури низоми худ ҳастанд, ки бо манофеи Русия, Чин ва Эрон дар тазод аст.

Аз ин рӯ, авзои мушобеҳи қарни нуздаҳ, ки Русия ва Англия барои нуфуз дар Осиёи марказӣ ба рақобат пардохта буданд, дар минтақа такрор хоҳад шуд.

Манбаъ: Tajik.irib.ir

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854