19:55:50 23-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

"ТОЛИБ АЙЁМБЕКОВ БА АФҒОНИСТОН ФИРОР КАРДААСТ"

Тибқи иттилои манобеи мустақил, дар ҷараёни амалиёти зидди гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Хоруғ то кунун ҳудудан 20 нафар кушта шудаанд.

/images/stories/2012/07/24_khorugh-240712.jpgДар миёни онҳо, яке аз писарони Айёмбеков ва ҳам Ёдгор Шоҳмусалламов, яке аз фармондеҳони гурӯҳҳои худсар, ки аслан аз Поршнев будааст, ном бурда мешаванд. Аз рӯи иттилои як манбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, "амалиёт ба марҳилаи ниҳоиаш расидааст".

Субҳи сешанбе, 24 июл Нозирҷон Бӯриев, сухангӯи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон  гуфт, "дар шаҳри Хоруғ амалиёт барои боздошт ва маҳви аъзои гурӯҳи ҷиноятии созмонёфта оғоз шуд." Вай афзуд ин гурӯҳҳо бояд боздошт ва ба ҷазо кашида шаванд.

Ҳамзамон, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати умури дохилии Тоҷикистон субҳи сешанбе бо пахши як баёния аз тариқи шабакаи «Ҷаҳоннамо», Толиб Айёмбековро дар куштори генерал Абдулло Назаров, сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар Бадахшон муттаҳам эълон карданд.

Дар ин баёния гуфта мешавад, ки тафтишоти пешакӣ муайян кардааст, ки ҷинояти мазкур аз ҷониби аъзои дастаи мусаллаҳи ғайриқонунии Толиб Айёмбеков, истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғ ва фармондеҳи Бахши сарҳадии минтақаи Ишкошим содир гардидааст.

Айёмбекови 47-сола дирӯз дар сӯҳбат бо мо гуфт, ки тибқи талаби сохторҳои интизомӣ, аз чаҳор нафар - ду гумонбари ҳодисаи куштори генерал Назаровро ба органҳо таслим кардааст. Вай гуфт, ки дар бораи маҳалли буду боши ду нафари дигар хабар надорад.

Дар  амалиёти низомии зидди Айёмбеков дар маркази Бадахшони Кӯҳӣ  “дар ҳудуди 20 нафар, асосан аз миёни аъзои гурӯҳҳои мусаллаҳ, кушта шудаанд”. Тибқи иттилои хабаргузории Итар-Тасс, дар миёни нирӯҳои ҳукуматӣ 9 нафар кушта шуда, 25 нафар маҷрӯҳ шудаанд.

Ин манбаъ гуфт, манотиқи дигари шаҳри Хоруғ “ором асту вазъиятро нирӯҳои ҳукуматӣ назорат мекунанд”. Вай мегӯяд, ки овозаҳо дар бораи “бомборон ва қатли мардуми зиёд” бепоя буда, амалиёти низомӣ асосан дар ду макони шаҳри Хоруғ – дар маҳаллаи мавсум ба “Хлебозавод”, маҳалли иқомати  Толиб ва “УПД” ҷараён доранд. Аз рӯи иттилои ин манбаъ, қурбониҳо ва зарардидаҳои ин амалиёт  асосан дар миёни “аъзои гурӯҳҳои мусаллаҳ” ба чашм мехӯранд.

Бино ба иттилои бархе манобеъ, эҳтимоли тасодуфан кушта шудани сокинони осоишта низ рӯй додааст. Аз рӯи иттилои ин манбаъ, бархе аз сокинони Хоруғ аз дирӯз талош карданд маҳалҳои зисти худро тарк карда, дар хонаи хешовандон дар манотиқи амн ҷо гиранд. Дигарҳо дар манзилҳои худ монда, кӯшиш мекунанд, ки берун нараванд.

Ҳоло дар Хоруғ  Ситоди амалиёти муштараки неруҳои қудратӣ таъсис дода шудааст ва вазъи тамоми шаҳри Хоруғ таҳти назорати неруҳои давлат қарор дорад. Мақомоти амниятии Тоҷикистон мегӯянд, ки Толиб Айёмбеков ва ҳамроҳони ӯ  аз даъвати мақомот барои бозпурсӣ оид ба ҳодисаи куштори Абдулло Назаров сарпечӣ кардаанд.

Бо вуҷуди пешниҳоди роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони фарҳангиву уламои динии Бадахшон ва музокироти се рўза, Толиб Айёмбеков ҳозир нашудааст силоҳҳои худро ба замин гузошта таслим шавад. Дар ҷавоб Толиб Айёмбеков ба ҷамъоварии афроди мусаллаҳ оғоз кардааст.

Барои анҷоми амалиёти мазкур ҷузъу томҳои нерӯҳои зудамал, Горди президентӣ, ОМОН, Алфа, КГБ, ВКД – ҳама воҳидҳои низомӣ сафарбар карда шудаанд. Ин ҳам дар ҳоле, ки мақомот эъломи фиристодани нерӯҳои изофӣ аз марказ ба вилояти Бадахшонро рад карда буданд.

ГИРДИҲАМОӢ ДАР МАСКАВ

Дар ҳамин ҳол Ҷамъияти бадахшониҳо дар Маскав дар ҷаласае, ки дар робита ба вазъи Хоруғ доир шуд, тасмим гирифтанд то дар назди сафорати Тоҷикистон дар Русия гирдиҳамоӣ доир намоянд.

Басгул Саъдоншоева, як сокини шаҳри Хоруғ, ки дар Маскав зиндагӣ мекунад, дар тамоси телефонӣ ба мо гуфт, ки онҳо наметавонанд бо хешовандонашон дар тамос бошанд ва аз ин рӯ аз сарнавишти онҳо сахт нигарон ҳастанд.

Ба қавли хонум Саъдоншоева онҳо дар соати 11 ба вақти Маскав дар назди сафорат ҷамъ шуда аз мақомоти давлати Тоҷикистон даъват мекунанд то дар зудтарин фурсат ба амалиёти низомӣ поён диҳанд ва вазъро ором намоянд.

Ба қавли Басгул Саъдоншоева, бо пахш шудани хабарҳо доир ба амалиёти низомӣ дар Хоруғ, ин дуввумин ҷаласаи Ҷамъияти бадахшониҳо дар Маскав мебошад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi