16:22:31 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

МАҶЛИСИ ҒАЙРИНАВБАТИИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Имрӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикситон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси ғайринавбатии Ҳукумати мамлакат баргузор гардид. Дар маҷлис масъалаҳои умдаи ҳаёти ҷоории кишвар, хусусан вазъи кунунии шаҳри Хорӯғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт.

/images/stories/2012/07/25_janobi-oli-250712.jpgДар оғоз гузориши Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода ва аъзои гурӯҳи ҳукуматӣ Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Маҳмадамин Маҳмадаминов ва Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Мамадшо Илолов оид ба таъмини эътидол дар шаҳри Хорӯғ шунида шуд.

Баъд аз муҳокимаи нуқтаҳои гузориш аз мардуми шарифи ВМКБ, пеш аз ҳама сокинони шаҳри Хорӯғ даъват карда шуд, ки барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани гурӯҳҳои ҷинояткор ва таъмини волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ бо мақомоти масъули давлатӣ ҳамкорӣ намоянд.

Таъкид гардид, ки гурӯҳҳои ҷинояткори мусаллаҳ бояд яроқу аслиҳаро супурда, дар назди қонун ҷавоб гӯянд.

Ҳам аз роҳбарони мақомоти масъули давлатӣ ва ҳам мардуми Бадахшон, қабл аз ҳама шахсиятҳои соҳибнуфузи ин минтақаи баландкӯҳ, талаб карда шуд, ки барои барқарор намудани фазои амну субот ва боварии байниҳамдигарӣ ҷаҳду талош намуда, дар пешгирӣ аз ҷинояту ҷинояткорӣ ва аъмоли худсаронаи ғайриқонунии гурӯҳҳо ва нафарони ҷиноятпеша фаъол бошанд.

Дар фарҷоми маҷлис қарор карда шуд, ки тамоми мақомоти давлатӣ барои ба эътидол овардани вазъи шаҳри Хорӯғ ва татбиқи дастуру супоришҳои қаблии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят чораҳои аввалиндараҷа андешанд.

President.tj



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi