16:32:16 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

МУЗОКИРА БАРОИ ТАСЛИМИ ҶИНОЯТКОРОН ДАР РӮШОН ИДОМА ДОРАД

Як манбаи муътамад дар Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ба мо гуфт, ки қатъи амалиёти низомӣ дар Хоруғ ба маънои қатъи пурраи ин амалиёт нест. Вай гуфт, ки ду руз пеш аз роҳи заминӣ баъзе воҳидҳои Горди миллӣ, Вазоратҳои корҳои дохила ва амният ба Хоруғ фиристода шуд.

Ин манбаъ мегӯяд, то замони  боздошт ва ё таслими Толиб Аёмбеков ва ҳамроҳонаш амалиёт идома хоҳад кард ва вазирони тамоми ниҳодҳои қудратӣ то имрӯз дар Хоруғ ҳамчун ҳайати кумисюни давлатӣ ҷараёни амалиётро назорат доранд.

Манбаи вазортаи дохила мегӯяд, барои баррасии ултиматуми гуруҳҳои худсари мусаллаҳ музокира идома дорад. Яке аз талабҳои онҳо истеъфои Қодир Қосимов -раиси вилояти Бадахшон будааст. Агар ин музокира бенатиҷа анҷом ёбад, амалиёт давом хоҳад кард.

Бо назардошти ин нукта ба сокинони шаҳри Хоруғ тибқи рӯйхати махсус иҷоза дода шудааст, ки ба ҷойҳои амн кӯч дода шаванд. Ба қавли ин манбаъ ҳоло намояндагони ҳукумати Тоҷикистон ба ин боваранд, ки музокира натиҷаи мусбат хоҳад дод.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi