07:16:20 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ВАЗОРАТИ ХОРИҶИИ РУСИЯ: "БА ПОМИР НАРАВЕД"

Вазорати умури хориҷаи Русия аз шаҳрвандони ин кишвар, ба вижа аз алпинистҳо ва сайёҳон тақозо кардааст, ки ба минақаи Помир нараванд.

/images/stories/2012/07/27_moscow-270712.jpgВазорати хориҷаи Русия рӯзи 27 июл ин тавсияномаи худро дар сомонаи ҳамин вазорат пахш карда афзудааст, ки минтақаи Бадахшони Тоҷикистон ором нест, зеро дар онҷо барои амалиёти махсус барои боздошти дастандаркорони куштори генерал Абдулло Назаров, раиси бахши амнияти ин вилоят идома дорад.

Вазорати хориҷаи Русия дар ин хабар аз қавли манобеи мухталиф овардааст, ки дар ҷараёни ин амалиёт ҳудуди 3000 сарбози мақомоти қудратии Тоҷикистон ширкат дорад.

БОЗГАШТИ САЙЁҲОН АЗ ХОРУҒ БА ДУШАНБЕ

Ин дар ҳолест, ки рӯзи чаҳоршанбе гурӯҳи калони саёҳони хориҷӣ ва кормандони созмонҳои хориҷӣ аз Хоруғ ба Душанбе баргаштанд. Ду мошини ҳомили намояндагони созмонҳои хориҷӣ ва идораҳои мухталифи  шаҳри Хоруғ ба Душанбе оварда шуданд.

Дар ин бора яке аз  кормандони созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ дар сӯҳбати телефонӣ бо мо хабар дод. Вай гуфт,  имрӯз аз Хоруғ ба Душанбе ҳамроҳ бо ҳудудан 30 нафар  кормандон ва ходимони офисҳои созмонҳои байналмимилалӣ савори автобусе баргаштааст ва  ҳамаи баргаштаҳо "шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд". Ӯ гуфт, ки дар миёни баргаштаҳо ходимони баъзе  созмонҳои маҳаллӣ ва кормандони идораҳои давлатии Хоруғ ҳам мебошанд.

Ин мард гуфт, "маълум нест, вазъият чӣ мешавад. Ду рӯз аст, ки дар Хоруғ оромӣ аст, одамон дар кӯчаҳо гаштугузор мекунанд. Лекин шабҳангом аз атроф садои тир шунида мешавад. Бар асари тирпарониҳо ва гулӯлаҳои норинҷак баъзе биноҳои Хоруғ  хароб шудаанд", гуфт вай.

Ба қавли ӯ, дар паи муроҷиати  намояндагони созмонҳои хориҷӣ ҳукумати шаҳри Хоруғ  "автобус ҷудо кард ва онҳоро ба Душанбе фиристод". Вай гуфт, ки бисёртар аз ҳама саёҳон ва онҳое ки дар Душанбе хешу табор доранд, мехоҳанд ба пойтахт баргарданд.

Ин мард афзуд, ки баргаштаҳо "ҳама бо ихтиёри худ омадаанд". Вай афзуд, ки фаъолияти созмонҳо дар он ҷо қатъ нашудааст ва то ором шудани вазъ дар Хоруғ дар  Душанбе мемонад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi