22:10:59 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ҶАРИМА БАРОИ ДИПЛОМФУРӮШӢ

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд як гурӯҳи 8 нафарӣ, аз ҷумла ду муаллими Донишгоҳро дар қаллобӣ ва таҳияву фурӯши дипломҳои сохта гунаҳкор донист ва аз 14 ҳазору 600 то 32 ҳазор сомонӣ ҷарима таъин кард.

Ҳамчунин бархе аз онҳо аз ҳаққи машғул шудан ба фаъолияти муаллимӣ ба муддати 2- 3 сол ва нафаре аз кори барномарезии компутерӣ барои 2 сол маҳрум гаштанд. Қарори додгоҳ бегоҳи рӯзи 2-юми март дар боздоштгоҳи муваққат, ба истилоҳ СИЗО – и рақами 2 – и шаҳри Хуҷанд қироат шуд.

Абдуллоҷон Нормуҳаммадов, додраси додгоҳи Хуҷанд ва раиси мурофиаи ин афрод гуфт, онҳо дар ҳамдастӣ дипломҳои сохтаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва РОСНОУ (Донишгоҳи нави Русия) - ро  таҳия карда, ба донишҷӯшавандагон мефурӯхтаанд.

Боздошти ин афрод моҳи марти соли равон аз сӯи кормандони Оҷонси назорати давлатии  молӣ ва мубориза бо фасод ва додситонии вилояти Суғд ҳангоми тиҷорати онҳо бо дипломҳои қалбакӣ сурат гирифтааст. Замони тафтиши парванда ҷаримашудагон дар озодӣ ба шарти берун нарафтан аз маҳали зисти худ ба сар мебурданд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi