02:06:42 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ДОДСИТОНӢ БА ПУРСИШИ ТОЛИБ АЙЁМБЕКОВ ОҒОЗ НАМУД

Намояндагони додситонии кул ба бозпурсии Толиб Айёмбеков дар мавриди куштори Абдулло Назаров оғоз кардаанд.

/images/stories/2012/08/14_tolib-ayombekov-140812.jpgЯк манбаи мӯътамад дар додситонии вилояти Бадахшон рӯзи сешанбе, 14-уми август, ба мо гуфт, ки намояндагони додситонии кул дар ҳузури вакилони дифоъ ба пурсиши Толиб Айёмбеков оғоз кардаанд. Толиб Айёмбеков, яке аз чаҳор фармондеҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Хоруғ аст, ки дар куштори генерал Абдулло Назаров дар вохири моҳи июл муттаҳам дониста мешавад.

Манбаи мо мегӯяд, ҳоло додситонии вилояти Бадахшон се вакили мудофеъ (адвокат)-ро барои пуштибонӣ аз Толиб Аёмбеков ҷалб намудааст, ки ду нафари онҳо аз як Созмони адвокатураи шаҳри Душанбе буда, яке аз онҳо аз худи Бадахшон аст.

Ин манбаъ афзуд, пурсиши додситонҳо марбут ба ҳодисаи қатли сардори бахши амнияти вилояти Бадахшон, генерал Абдулло Назаров мебошад. Ба ин манзур, қарор аст, дар нимаи дувуми рӯзи 14-уми август чаҳор корманди умури дохилии ноҳияи Ишкошим, ки дар рӯзи ҳодисаи куштори генерал дар истгоҳи назоратии Гармчашма адои вазифа менамудаанд, ҳамчун шоҳид ба Хоруғ оварда шаванд.

Баъд аз куштори генарал Абдулло Назаро ва амалиёти низомии нерӯҳои давлатӣ дар Хоруғ, ҷои будубоши Толиб Айёмбеков номаълум буд. Аммо ӯ шоми 12-уми август аз тариқи телевизиони маҳаллии Бадахшон суханронӣ карда, аз таслим шудани худ ба мақомот хабар додааст. Айёмбеков гуфтааст, ин иқдоми худро ба хотири таъмини сулҳ дар минтақа ва барқарории адолат дар таҳқиқи куштори генерал Абдулло Назаров маънидод намудааст.

Аммо Айёмбеков, ки ҳамакнун дар бемористон ба сар мебарад, худро гунаҳкор намедонад ва умедвор аст, таҳқиқи қазияи куштори генерал Назаров дар чаҳорчӯби қонун ва мурофиаи бозу шаффофи додгоҳӣ сурат хоҳад гирифт. Довталабона таслим шудани Толиб Айёмбеков ба мақомот дар ҳолест, ки чанд рӯз пшетар бародар ва ронандааш - Оқил Айёмбеков ва Ҳамза Гулназар низ бо миёнҷигарии гурӯҳи 20 нафарӣ худро ба ниҳодҳои давлатӣ таслим карданд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi