23:54:34 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

СУДЯҲОИ НАВ ҚАСАМ ХУРДАНД, КИ АЗ РӮИ ВИҶДОН КОР МЕКУНАНД

Аз миёни 105 нафар кормандони мақомоти судии кишвар, ки бо фармони Президенти Тоҷикистон аз 13 августи соли равон ба вазифаҳои масъули роҳбарикунанда ва судягӣ дар судҳои мамлакат таъин гардидаанд, 42 нафарашон коромӯз-судяҳо мебошанд. Тибқи иттилои Шӯрои адлияи Тоҷикистон ин нафарон  пас аз анҷом ёфтани машғулиятҳои омӯзишӣ бори аввал ба вазифаи судя таъин шуда, 13 нафарашонро занону духтарон ташкил медиҳанд.

/images/stories/2012/08/16_sudya_prisyaga-160812.jpgБа иттилои манбаъ мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» шахсе, ки аввалин бор ба вазифаи судя таъин шудааст, дар вазъияти тантананок дар назди Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамъомади судяҳо савганд ёд мекунанд.

Аз ин лиҳоз, рӯзе пеш дар Шӯрои адлияи ҷумҳурӣ судяҳое, ки бори аввал ба ин вазифа таъин шудаанд, дар вазъияти тантанавӣ дар ҳузури Раисони Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Шӯрои адлия, мушовирони давлатии президенти мамлакат оид ба сиёсати кадрӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин дар иштироки судяҳои ҷумҳурӣ савганди касбӣ ёд карда, иброз доштанд, ки вазифаи худро бошарафона ва аз рўи виҷдон иҷро намуда, адолати судиро танҳо мутобиқи Конститутсия ва қонун ба амал бароварда, бо амри виҷдон холисона ва одилона анҷом медиҳанд.

Манбаъ аз Шӯрои адлия қайд намуд, ки бо дарназардошти нақши муҳим доштани ҳокимияти судӣ дар ҳифзи ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат, аз ҷониби давлат ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, такмили сохторҳои судӣ ва тақвияти фаъолияти онҳо, беҳдошти вазъи моддию ҳуқуқии мақомоти судӣ ва судяҳо мунтазам тадбирҳои муассир андешида мешавад.

Бинобар ба маротиб зиёд шудани сарбории судяҳо воҳидҳои иловагии вазифаи судягӣ ҷудо карда шуда, танҳо дар соли 2011 музди меҳнати судяҳо ба андозаи 100 фоиз баланд гардид. Барои таъмини шароити корӣ, таъмир ва сохтмони биноҳои судҳо дар 5 соли охир аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ зиёда аз 10 миллион сомонӣ сарф гардидааст.

Темур Раҷабализода, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi