04:32:24 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ТАЪСИСИ ЭЪТИЛОФЕ ТОЗА АЗ МУХОЛИФОНИ РАҲМОН ДАР МАСКАВ

Дар шаҳри Маскав шуморе аз гурӯҳҳои мухолифи давлати Тоҷикистон зери унвони “Кумитаи 24” эътилоферо ташкил додаанд.

/images/stories/2012/08/22_quvvatov-umarali-220812.jpgУмаралӣ Қувватов, раиси пешини ширкати “Фароз-Тоҷирон”, ки худро раҳбари ин эътилоф муъаррифӣ кард, рӯзи чаҳоршанбеи 22 август ба Би-би-сӣ гуфт, ки ин эътилофи ҷадиди мухолифони давлати Тоҷикистон маҳсуб шуда ва аз ҳуқуқдонҳо, сиёсатшиносҳо ва ҷавонони соҳибистеъдоду таҳсилдида иборат аст.

Ҳамзамон, оқои Қувватов гуфт, ки ба далоили амниятӣ наметавонад асомии ин афрод ва маҳалли зисту фаъъолияти онҳоро ифшо кунад. Ба гуфтаи ӯ, дар ин кумита созмонҳои мухолифи давлати Тоҷикистон, назири Ҷунбиши “Ватандор”, шомил набуда, аммо барои ҷалби ин созмонҳо зери парчами “Кумитаи 24” музокирот бо раҳбарони ин созмонҳо идома дорад.

Гуфта мешавад, дар ибтидо намояндагони 24 гурӯҳи мухолифи давлат, ки ҳар яке аз 25 то 30 нафар узв доштаанд, бо ҳам муттаҳид шудаанд ва аз ин лиҳоз ин эътилоф номи “Кумитаи 24”-ро гирифтааст. Масъулони ин эътилоф теъдоди аъзои онро болиғ бар 10 ҳазор нафар эълом кардаанд. Феълан Би-би-сӣ имкони таъйид ё такзиби ин арқом аз сӯйи манобеъи мустақилро надорад.

Умаралӣ Қувватов ҳадафи ин эътилофро “сарнагун кардани режими Раҳмон ва додани озодӣ ба мардуми Тоҷикистон бо роҳи мусолиматомез” унвон кард. Ӯ гуфт, ки барои расидан ба ин ҳадаф “Кумитаи 24” нахуст худро ба ҷомеъаи ҷаҳонӣ муъаррифӣ карда ва сипас, аз Эмомалӣ Раҳмон тақозо хоҳад кард, ки дар вақти таъйиншуда истеъфо диҳад.

Оқои Қувватов афзуд: “Агар талаби мо иҷро нашуд, мо дар дохили Тоҷикистон тазоҳуроти эътирозӣ баргузор мекунем. Дар Қонуни асосии Тоҷикистон мо чунин ҳаққро дорем. Агар чун дар Қирғизистон давлат алайҳи тазоҳургарон аз силоҳ истифода кунад, мо маҷбур мешавем аз худу хонаводаи худ дифоъ кунем."

"Агар тазоҳургарон боздошту зиндонӣ шаванд ва давлат ба аъмоли ғайриқонунӣ даст занад, пас мо ба сарнагун кардани режим шурӯъ мекунем. Зеро ин ҳукумат худ бо қувваи силоҳ ба қудрат расидааст. Мо дар Тоҷикистон пуштибонии қавӣ дорем.”

Ин мухолифи давлати Тоҷикистон гуфт, ки "Кумитаи 24" ҳамаи масъулияти тазоҳуроти эътирозиро ба уҳда мегирад ва ба пуштибонии густардаи сокинони Тоҷикистон нисбат аз эътироз алайҳи низоми феълӣ бовар дорад.

Умаралӣ Қувватов дар гузашта раиси ширкати "Фароз" буд, ки ба Тоҷикистон маводди сӯхтӣ ворид мекард. Ин ширкат ҳамчунин аз Қирғизистон барои нерӯҳои омрикоӣ ва НОТУ дар Афғонистон маводди сӯхтӣ интиқол медод.

Аммо ӯ иддаъо дорад, ки таҳти фишори яке аз пайвандони Президент Раҳмон маҷбур шудааст тиҷорати худро аз даст бидиҳад ва Тоҷикистонро тарк кунад.

Вай мегӯяд: "Хонаводаи раисҷумҳур афроди бегонаро ба ҳеч арсаи иқтисод роҳ намедиҳанд."

Таъсиси ин эътилоф дар ҳолест, ки то замони баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз як сол боқӣ мондааст.

Мақомоти Тоҷикистон ҳануз ибрози назаре дар бораи таъсиси ин эътилоф накардаанд. Аммо бархе аз соҳибназарон муътақиданд, ки ин эътилоф бо таваҷҷуҳ ба ин ки дар Маскав таъсис шуда, аз ҳимояти давлати Русия бархурдор аст.

Равобити Маскав бо Душанбе дар солҳои ахир ба сардӣ гаройида ва ихтилофи ду кишвар бар сари ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон бар ин равобит соя андохтааст.

Русия мехоҳад барои 49 сол пойгоҳи худро бидуни пардохти маблағе дар Тоҷикистон мустақар кунад, вале мақомоти тоҷик ин амрро таҳдиде ошкор барои истиқлоли ин кишвар медонанд.

Дар ҳамин ҳол, Алим Шерзамонов, аз фаъъолони Ҳизби сусиёл-демукрот, низ мегӯяд, ки ба “Кумитаи 24” пайвастааст. Вай вазъи сиёсӣ дар Тоҷикистонро дар шароити кунунӣ ҳассос хонда ва гуфт, ки ҳоло мухолифони пароканда ба хотири тағйири низом муттаҳид мешаванд.

Ӯ гуфт: “Агар ин оппозисия нерӯманд шавад, нерӯи ҷиддӣ шавад, дигарон ба он мепайванданд. Зеро дар Тоҷикистон одамони норозӣ зиёд буда, аммо оппозитсияи бақувват набуд.”

Эътилофи мухолифон бо номи “Кумитаи 24” аз тариқи нашрияҳои Русия ва шабакаи телевизиюни “К+”-и Қазоқистон аз таъсиси худ ва аҳдофаш хабар додааст.

Таъсиси ин эътилоф дар ҳолест, ки вазъият дар шаҳри Хоруғ, маркази устони Бадахшон, дар ҳафтаҳои ахир пас аз малиёти нерӯҳои давлатӣ дар рӯзи 24 июл, ки ҳудуди 50 кушта бар ҷо гузошт, ҳамчунон мағшуш аст.

Рӯзи чаҳоршанбеи 22 август манобеъи маҳаллӣ аз кушта шудани Имомназар Имомназаров, яке аз раҳбарони маҳаллии мухолифи давлат, хабар доданд. Дар пайи ин ҳодиса тазоҳуроти густардае дар шаҳри Хоруғ дар эътироз ба қатли ин фармондеҳи собиқи мухолифон барпо шудааст.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi