ЁДГОР ФАЙЗОВ: "МАҚОМОТ АЛЛАЙКАЙ БА БЕРУН БУРДАНИ НИРӮҲО АЗ ҚАЛАМРАВИ ХОРУҒ ШУРӮЪ КАРДАНД"
Ин тасмим бар пояи созише миёни ширкатдорони ҳамоиши эътирозӣ ва сохторҳои қудратӣ гирифта шудааст.
Ёдгор Файзов, раиси намояндагии Оғохон дар Бадахшон дар сӯҳбати телефонӣ бо мо гуфт, ки бар пояи маслиҳати байни ширкатдорони митинги эътирозӣ дар Хоруғ ва раҳбарони сохторҳои қудратӣ қарор шуд, ки хукумат нирӯҳои худро аз Хоруғ берун мекашад ва намоиши эътирозӣ то бегоҳ пароканда мешавад.
Ёдгор Файзов ҳамчунин таъид кард, ки мақомот аллайкай ба берун бурдани нирӯҳо аз қаламрави Хоруғ шурӯъ карданд. “9 камаз барои интиқоли сарбозҳо ба Душанбе расидаанд”, гуфт вай. Масъали муҳими дигар – пешгирӣ аз таъқиби ширкатдорони намоиши эътирозӣ буд. Ба гуфтаи ӯ, ба хотири пешгирӣ аз боз шудани ҳамагуна парвандаҳои ҷиноӣ созише миёни сохторҳои қудратӣ ва фаъолони шаҳр ҳосил шудааст.
Чанде пеш аз ин, як манбаи мӯътамади мо гуфт, ин тасмим дар пайи тавофуқи Шералӣ Хайруллоев ва Рамазон Раҳимов, вазирони дифоъ ва умури дохилии Тоҷикистон, 24 вакили маҷлиси шаҳрии Хоруғ, гурӯҳи 20-нафарӣ ва намояндагони тазоҳуркунандагон, ки аксаран ҷавонон ҳастанд, ба даст омадааст.
«Озодӣ»