04:54:08 27-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ТОЛИБ АЙЁМБЕКОВ: "МАН ДАР ХОРУҒ ҲАСТАМ"

Яке аз раҳбарони гурӯҳҳои силоҳбадасти Хоруғ хабари боздошт ва ба Душанбе интиқол ёфтанашро рад кард.

/images/stories/2012/08/26_tolib-amonyorov-260812.jpgРӯзи 24-уми август, баъд аз пахш шудани хабари ин ки гӯиё Толиб Аёмбеков, муттаҳами аслии куштори генерал Абдулло Назаров (дар таърихи 21 июл), барои идомаи бозпурсиҳо ба Душанбе интиқол ёфтааст, ӯ бо мо ҳамсӯҳбат шуд. Вай гуфт, дар манзилаш ба сар бурда, ҳаққи тарк кардани шаҳрро надорад.

Ӯ гуфт, розӣ аст танҳо дар мавзӯи будубошаш дар Хоруғ ба саволҳои мо посух бидиҳад.

Айёмбеков: "Ман ба ҳеҷ куҷо нарафтаам, дар хона ҳастам. Ман "под подписку о невыезде" ҳастам."

-Мегуфтанд, ки замоне Шумо дар шифохона будед, Шуморо ОМОН ҳимоят мекард...

-Бале, ин рост аст. Ман рӯзи 21-ум август ҳамон санади "под подписку о невыезде"-ро имзо кардам ва бе конвой озод ҳоло дар шаҳр ҳастам.

-Шуморо ҳоло кӣ ҳимоят мекунад?

-Ман танҳо дар амони худо ҳастам.

-Баъд аз кушта шудани Имомназар Имомназаров мегӯянд, ки хатари рух додани ҳама гуна ҳодиса вуҷуд дорад. Оё Шумо худро муҳофизат карда метавонед?

-Бо дасти холӣ чӣ хел муҳофизат мекунед? Бачаҳо ҳастанд, аммо бо дасти холӣ ҳеҷ кас муҳофизат карда наметавонад. Фақат Худо ҳаст дар болои сари мо.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi