15:55:28 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ДОДГОҲИ ПОКИСТОН БА НАХУСТВАЗИР 3 ҲАФТА МӮҲЛАТ ДОД

Додгоҳи Олии Покистон ба сарвазири ин кишвар 3 ҳафта мӯҳлат додааст, то барои бознигарии парвандаи фасоди молии Осиф Алӣ Зардорӣ иқдом кунад. Панҷ узви Додгоҳи Олӣ таҳти сарварии Осиф Саидхон Хуса тақозо намудаанд, ки то 18-уми сентябр нахуствазир Раҷа Парвиз Ашраф аз муфаттишони Швейтсария тафтиши дубораи қазияҳои фасодро дархост кунад.

Президенти Зардорӣ бо он муттаҳам мешавад, ки дар аҳди раҳбарии ҳамсараш Беназир Бҳутто дар нимаи солҳои навади қарни гузашта, миллионҳо доллар ришва гирифта, онро дар бонкҳои Швейтсария ҷо додааст. Осиф Алӣ Зардорӣ он замон раҳбарии вазорати рушди иқтисод ва сармоягузориро дар ҳукумати федеролии Покистон ба ӯҳда дошт.

Раҷа Парвиз Ашраф замоне сарвазири Покистон интихоб шуд, ки моҳи июни соли ҷорӣ Юсуф Ризо Гелонӣ бо айбномаи саркашӣ аз дархости тафтиши парвандаи фасод дар Швейстария, аз мансаби сарвазири Покистон маҳрум шуд.

Ду сол инҷониб ҳукумат ба тафтиши дубораи ин қазия иҷозат намедиҳад ва исрор меварзад, ки Зардорӣ ба ҳайси раҳбари давлат аз масуният ё худ иммунитет баҳраманд аст. Осиф Алӣ Зардорӣ аз моҳи августи соли 2008 ба ин сӯ дар симмати раиси ҷумҳури Покистон ифои вазифа менамояд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi