10:55:20 09-уми Майи 2025 сол

ДАР ҲИЛМАНД 17 ҶАСАДИ БЕСАР ОШКОР ШУД

Мақомоти Афғонистон гуфтанд, ки 17 сокини мулкӣ, аз ҷумла ду зан дар вилояти ҷанубии Ҳилманд бесар карда шуданд. Ин ҳодиса дар вулусволии Каҷакӣ рух дод. Довуд Аҳмадӣ, сухангӯи волии Ҳилманд гуфт,  ҳанӯз маълум нест, ки ин корро кӣ кардааст. Вай гуфт, ки ҳоло таҳқиқи ҳодиса ҷараён дорад.

/images/stories/2012/08/27_hilmand-270812.jpgДар вилояти Ҳилманд шӯришиёни Толиб хеле фаъол ҳастанд ва дар гузашта ба шеваи бисёр ваҳшатнок даст ба қатли сокинони мулкӣ задаанд. Аз ҷумла, аз роҳи буридани сар  ба қатли мардуми маҳаллӣ даст задаанд. Маъмулан, аз чунин шеваи куштор барои “ҷосусӣ” ба фоидаи  ҳукумат ва нирӯҳои НАТО кор мегиранд.

10 низомии афғон кушта шуданд

Дар ҳодисаи ҷудогонае дар вилояти Ҳилманд дар як посгоҳ 10 сарбози афғон кушта шуданд. Мақомот гуфтанд,  дар ин ҳамлае, ки дар вулусволии Вашир шаби 26 ба 27 август рух додааст, ҳамчунин чаҳор сарбози дигари афғон маҷруҳ шуданд. Гуфта мешавад, ки панҷ сарбози дигарро ҳамлагарон бо худ бурданд, вале ҳанӯз маълум нест, ки онҳо ба гарав гирифта шуданд ва ё бо хости худ ба шӯришиён пайвастанд.

Довуд Аҳмадӣ гуфт, ки ба эҳтимоли зиёд, ин як ҳодисаи аз пеш тарҳрезишудаи дохилӣ будааст, чун маълум шудааст, ки баъзе сарбозон ба ҳамлагарон кӯмак кардаанд. Дар як маҳалли дигари Афғонистон ба иттилои  НАТО,  ду сарбози ин нирӯҳо аз тири  сарбозони артиши Афғонистон ба ҳалокат расиданд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ