03:51:48 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ДОДГОҲИ ОЛӢ ШИКОЯТ ДАР МАВРИДИ ШИКАНҶАРО БЕПОЯ ХОНД

Додгоҳи олии Тоҷикистон шикояти як гурӯҳ аз маҳкумшудагон дар мавриди эъмоли шиканҷа алайҳи онҳо дар ҷараёни бозрасиро бепоя хондааст.

Муҳокимаи ин парванда дар додгоҳ дар пайи ироаи номаҳои шикоятии ин афроди ба додситонии кулли Тоҷикистон анҷом шудааст. Бештари ин афрод дар шикояти хеш навиштаанд, ки дар ҷараёни таҳқиқот онҳо шиканҷа шуда ва водор шудаанд, ки алайҳи худ шаҳодат бидиҳанд.

Ба гуфтаи вукалои мудофеъи иддае аз ин афрод, ҳарчанд масъулони додгоҳ бо маъмурони пулис ва кормандони амниятие, ки таҳқиқоти парвандаро бар уҳда доштаанд, суҳбатҳое анҷом додаанд, вале шикояти ин афрод дар мавриди шиканҷа шудани онҳоро такзиб кардаанд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон аъзои ин гурӯҳи 49-нафариро, ки ғолибан сокинони ноҳияи Истаравшан ҳастанд, чанде қабл дар ҳамла ба сохтмони пулис дар шаҳри Хуҷанд дар моҳи сентябри соли 2010 ва узвият дар Ҷунбиши Исломии Узбакистон муҷрим шинохта ва барои муҳлатҳои тӯлонӣ ба зиндон маҳкум карда буд.

Дар авоили моҳи сентябри соли 2010 дар назди бинои идораи мубориза бо ҷароими созмонёфтаи пулис дар шаҳри Хуҷанд инфиҷоре дар як мошини ҳомили маводди мунфаҷира рух дод, ки мунҷар ба марги ду нафар ва захмӣ шудани 26 нафар гардид. Дар пайи ин ҳодиса чандин нафар аз сокинони ноҳияи Истаравшан боздошт шуданд.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi