20:14:54 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ШИКОЯТИ МАРДУМИ ИСТИҚЛОЛ АЗ ЛИМИТИ БАРҚ

Риоя нашудани лимити барқ давоми чанд ҳафтаи ахир мардуми маҳаллаи Истиқлоли ноҳияи Рӯдакиро нигарон сохтааст.

/images/stories/2012/11/29_limit-barq-291112.jpgФирдавс ном як сокини ин маҳалла зимни сӯҳбат ба сомонаи «Рӯзгор» иброз дошт, ки ду ҳафтаи ахири моҳи равон лимит дар хонаҳои онҳо умуман риоя намешавад ва дар як шабонарӯз ҳамагӣ 6 ва гоҳ-гоҳ 7 соат барқро мебинанду халос: «Рӯзҳои аввал аз соати 17-и бегоҳ барқ меомад ва соати 10 хомӯш мекарданд ва ҳамин тариқ соати 5-и-саҳар то 8-и саҳар барқ буд. Ҳоло бошад аз соати 5:30 то 9:30 ва саҳар аз соати 5 то 7 барқро медиҳанд, баъдан қатъ мекунанд».

Ин ҳамсӯҳбатамон мегӯяд, набудани меъёри ягонаи лимит бисёре аз ҳамсояҳояшонро ба ташвиш овардааст.

Бо чанд тан аз сокинони дигари маҳаллаи Истиқлол, ки ҳамсӯбат шудем дар вақтҳои гуногун ва зуд-зуд қатъ гардидани нерӯи барқро қабл аз вақти муайяншуда тасдиқ намуданд.

Бояд зикр намуд, чанде қабл Иттиҳодияи истеъмолкунандагони Тоҷикистон дар асоси нишондодҳои  як маниторинги худ масъалаи риоя нашудани лимит ва тақсими барқ ба аҳолиро мавриди интиқод қарор дода буд.

Иттиҳодияи мазкур ширкати «Барқи Тоҷик»-ро дар вайрон кардани ҷадвали маҳдудияти нерӯи барқ ва ҳамчунин «лимити худсарона» айбдор мекард.

Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои расмӣ шабонарӯзе ба мардум бояд ҳудуди на камтар аз 10 соат нерӯи барқ дода шавад.

Масъулини «Барқи Тоҷик» дар оғози роҳандозии лимити имсола гуфта буданд, ки дар манотиқи кишвар танҳо аз соати 11-и шаб то 5-и субҳ интиқоли барқ қатъ мегардад.

Вале чи тавре ки мебинем дар бархе аз маҳаллаҳо чунин гуфтаҳо амалан ба назар намерасад.

Темур Раҷабализода, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi