06:08:02 01-уми Июни 2025 сол

ҲУШДОРИ "ҶИДДИИ" ОБАМА БА БАШОР АСАД

Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико ба ҳукумати Сурия ҳушдор дод, ки дар сурати истифода аз аслиҳаи кимиёвӣ алайҳи шӯришиён сазои ин корашро хоҳад гирифт.

/images/stories/2012/12/04_barak-obama-41212.jpgОбама гуфт: “Ман имрӯз мехоҳам ба Асад ва зердастони ӯ комилан возеҳ кунам. Ҷаҳон шуморо нигаҳ дорад. Истифода аз аслиҳаи кимиёвӣ комилан ғайриқобили қабул хоҳад ва агар шумо бо истифодаи ин аслиҳа чунин иштибоҳи фоҷиабор кунед, оқибаташро хоҳед дид ва барои ин кор посух хоҳед дод.“

Раиси ҷумҳури Амрико нагуфт, ки дар сурати истифода аз чунин аслиҳа, ҳукумати Сурияро чӣ сазо хоҳад гирифт. Пештар аз ин баёнияи Барак Обама, мақомоти Амрико гуфтанд, маъмурони амниятӣ мушоҳида кардаанд, ки нерӯҳои ҳукуматии Сурия тайи чанд рӯзи гузашта, ба интиқоли абзори лозим барои аслиҳаи кимиёвӣ машғул будаанд.

Кохи Сафед рӯзи душанбе гуфт, аз он бисёр нигарон аст, ки мумкин аст, ҳукумати Сурия масъалаи истифода аз аслиҳаи кимиёвӣ бар зидди мухолифинро баррасӣ мекунад. Ба гуфтаи ҳукумати Амрико, Сурия бо истифодаи аз ин навъи аслиҳа “хати сурхро убур” хоҳад кард.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854