06:09:30 01-уми Июни 2025 сол

ЭРОНИҲО БОЗ ЯК ҲАВОПАЙМОИ БЕСАРНИШИНРО МАҶБУР БА ФУРУД КАРДАНД

Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон хабар доданд, ки дар ҳарими ҳавоии кишвар дар халиҷи Форс як ҳавопаймои бесарнишини амрикоӣ ба дасташон уфтод.

/images/stories/2012/12/04_bezpilot-41212.jpgСипоси посдорони инқилоб мегӯяд, ки ҳавопаймои бесарнишини ScanEagle, як ҳавопаймои хурд ва сохти кӯҳнаро барои фуруд омадан маҷбур сохтанд. Контр-адмирал Алӣ Фадавӣ ба хабаргузории Форс гуфтаааст, ки ин ҳавопаймои бесарнишин аз ин пеш дар халиҷи Форс ба ҷамъоварии иттилои сиррӣ машғул буд.

Мақомоти ИМА алҳол ин ҳодисаро ташреҳ накардаанд.  ScanEagle аз сӯи як филиали ширкати Боинг сохта шудааст.

Алӣ Фадавӣ ҳамчунин гуфт, ки ин гуна ҳавопаймоҳои бесарнишин, таври маъмул, аз киштиҳои бузурги низомӣ парвоз мекунанд.

Моҳи гузашта азорати дифоъи Амрико хабар дод, ки  ҳавопаймоҳои ҷангии Эрон ба як ҳавопаймои бесарнишин ва ғайримусаллаҳи ИМА дар Халиҷи Форс ҳамла кардаанд. Ҷорҷ Литл сухангӯи вазорат ба хабарнигорон гуфт, ки ин ҳодиса дар фазои қаламравҳои обии байналалмилалӣ ва тақрибан 26 километр дуртар аз соҳили Эрон сурат гирифт. Ба ҳавопаймои бесарнишини "Предатор" тир нарасидааст ва он беосеб ба пойгоҳ баргашт."

Cоли равон нерӯҳои мусаллаҳи Эрон як ҳавопаймои бесарнишини муосири амрикоиро барои фуруд омадан маҷбур сохта буданд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854