05:45:05 20-уми Майи 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Май 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

ТОҶИКИСТОН 10-УМИ ДЕКАБР ВОРИДИ СҶТ МЕШАВАД

Маросими дохилшавии Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат, 10-уми декабри соли равон дар қароргоҳи СҶТ дар шаҳри Женева баргузор мегардад. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ин маросим ва ҷаласаи Шӯрои генералии СҶТ дар шаҳри Женеваи Швейтсария қарор дорад.

/images/stories/2012/12/09_emomali-rahmon-091212.jpgБаъди маросими дохилшавӣ, чанд моҳ пас, яъне дар нимаҳои соли 2013-ум Тоҷикистон ба узви комилҳуқуқи СҶТ табдил меёбад. Айни ҳол ин созмон 157 кишвари дунёро дар бар гирифта, Тоҷикистон 158-умин узви он хоҳад шуд. Ҳудуди 90 дарсади додугирифт дар ҷаҳон аз рӯи қоидаҳои ин созмон сурат мегирад.

Тоҷикистон ҳанӯз моҳи майи соли 2001 ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат (СҶТ) дархост оид ба дохилшавӣ ирсол намуда буд. Барои узвият дар ин созмон Тоҷикистон розӣ шудааст, ки баландтарин ҳадди боҷи воридотии худро 8.0 дарсад таъин кунад ва аз талаби ҳама гуна пардохтҳои дигар даст кашад.

Ҳоло ин боҷ барои маҳсулоти кишоварзӣ 10.4 ва ғайри кишоварзӣ 7.8 дарсад аст. Тоҷикистон ҳамчунин ваъда додааст, аз амалҳое даст кашад, ки ҳаққи ворид кардани молу колоро ба ин кишвар маҳдуд мекунанд. Он акнун ба татбиқи яксони талабҳои СҶТ дар саросари кишвар, аз ҷумла минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва мавзеъҳои наздимарзӣ иқдом хоҳад кард.

Дар Тоҷикистон аз аввали раванди дохилшавӣ ба СҶТ  то ба имрӯз зиёда аз 100 адад ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба талаботи созмони мазкур  қабул гардидаанд. Аз ҷумла дар ин марҳила Кодексҳои гумрук, андоз, мурофиавии гражданӣ, мурофиавии судии иқтисодӣ, қонунҳо дар бораи бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ, низоми иҷозатномадиҳӣ ва ғайра мавриди амал қарор дода шуд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi