15:31:38 12-уми Июни 2025 сол

ҲАМЛАИ ЭЪТИРОЗГАРОН БА КОНСУЛГАРИИ ЭРОН ДАР ҲИРОТ

Рӯзи якшанбе даҳҳо нафар аз эътирозгарон дар шаҳри Ҳироти Афғонистон, ба консулгарии Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамла карданд.

/images/stories/2012/12/09_protest-afghan-091212.jpgИн афрод, ки гуфта мешавад шумораи онҳо ба беш аз сад нафар мерасад, дар эътироз ба кушта шудани сездаҳ тан аз афғонҳо, ки ба гуфтаи онҳо ҳудуди ду моҳ қабл аз сӯи мақомоти Эрон дар марзи он кишвар кушта шуданд, даст ба эътироз задаанд.

Хабарнигори Радиои Афғонистон Озод дар Ҳирот мегӯяд, ин афрод дар атрофи консулгарии Эрон ҷамъ омада ва ба сӯи бинои он санг партоб намуда ва парчамҳои консулгариро пора карданд.

Гузориш шудааст, ки онҳо бо сар додани шиорҳо алайҳи Эрон, он кишварро «бузургтарин душмани афғонҳо» хондаанд.

Тазоҳуркунандагон ҳушдор додаанд, ки агар ҳукумати Афғонистон ба хостаҳои онҳо, ки таҳқиқ дар мавриди ин қазия ва дарёфти ҷасадҳои ин афрод аст, бетаваҷҷуҳӣ намояд, "ба ҳеҷ эронӣ дар Афғонистон раҳм нахоҳанд кард."

Гуфта мешавад, ки нерӯҳои амниятии афғони ба хотири пароканда намудани ҷамъомадагон, ба ҳаво тир холӣ намудаанд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854