21:10:03 16-уми Июни 2025 сол

ИЗҲОРОТИ МАҲАЛИИ ИТТИҲОДИ АВРУПО ДАР ХУСУСИ БАСТАНИ БАРХЕ АЗ СОМОНАҲОИ ИНТЕРНЕТ

Намояндагии Иттиҳоди Аврупо изҳороти мазкурро бо ризогии Сарони сафоратҳои ИА дар Тоҷикистон дарҷ менамояд. Намояндагии ИА дар Тоҷикистон ҷиҳати бастани шабакаҳои аз қабили Фейсбук, Ютуб, сомонаи интернетии Радиои Озодӣ (дафтари тоҷикии Radio Free Europe) ва дигар сомонаҳои хабарӣ изҳори нигаронӣ менамояд.

/images/stories/2012/12/10_ittihodi-aurupo-101212.jpgҚатъи назар аз он ки, баъзе аз сомонаҳои интернетии пештар масдудшуда акнун аз нав дастрас мебошанд, Иттиҳоди Аврупо бо ҳисси изтироб қайд менамояд, ки ин гуна монеаҳо дар Тоҷикистон зуд-зуд рӯй медиҳанд, ки боиси ба миён омадани саволҳои ҷиддӣ оиди ҳолати озодии васоити ахбори умум мешаванд.

Намояндагии ИА аз мақомоти расмии Тоҷикистон  даъват ба амал меорад то мувофиқи ӯҳдадориҳои байналмилалии худ ба озодии матбуот ва озодии баён эҳтиром қоил бошад.

Намояндагии ИА боварӣ дорад, ки шабакаи интернет минбари озод барои тамоми қишрҳои ҷомеа аст, ки метавонанд назару фикри худро баён доранд. Бинобар ин мақомоти расмии Точикистонро ба таъмини фаъолияти пурра ва бемамониати сомонаҳои мустақил даъват менамояд.

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ