САФАРИ ГУРӮҲИ ҲУНАРИИ «ДЕЛЛА МЭЙ»-И ИМА БА ТОҶИКИСТОН
Дар доираи Барномаи фарҳангии Сафорати Амрико дар Тоҷикистон, бо дастгирии Бахши маориф ва фарҳанги Департаменти давлатии ИМА ва дар якҷоягӣ бо бахшҳои радиои “Овози Амрико” дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз 10 то 17 декабри соли ҷорӣ гурӯҳи овозхонони амрикоӣ “Делла Мэй” ба Тоҷикистон ташриф меоварад.
Сафорати Амрико консерти ройгонро, ки рӯзи 13 декабри соли 2012 соати 18:00 дар толори консертии меҳмонҳонаи ВЕФА баргузор мегардад, сарпарастӣ мекунад. «Делла Мэй» - гурӯҳи муосири фолклорӣ аз шаҳри Бостон, иёлоти Массачусетс мебошад.
Пеш аз Тоҷикистон ин гурӯҳи ҳунармандон дар бархе аз давлатҳои дигари Осиёи Марказӣ - Покистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон консертҳо намоиш додаанд. Баъди консерт дар Тоҷикистон гурӯҳ ба Ватан хоҳад баргашт.
“Рӯзгор”