11:59:27 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ТОҶИКИСТОН УЗВИ 158-УМИ СОЗМОНИ ҶАҲОНИИ ТИҶОРАТ МЕШАВАД

Имрӯз, 10-уми декабр, Тоҷикистон расман ба узвияти Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат (WTO) қабул мешавад. Дар ҷаласаи ботантанаи қабули Тоҷикистон ба узвияти Созмони ҷаҳонии Тиҷорат президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Созмони ҷаҳонии Тиҷорат Паскал Ламӣ иштирок хоҳанд кард.

/images/stories/2012/12/10_emomali-rahmon-101212.jpgДар пайи ин маросим мулоқоти Ламӣ бо ҳайати Тоҷикистон дар назар аст. Ламӣ мегӯяд, вуруди Тоҷикистон ба ин созмон ин кишварро бо иқтисоду тиҷорати саросарӣ ба ҳам оварда, барои Тоҷикистон фазои озоду шаффофи бидуни табйизро фароҳам мекунад.

Тоҷикистон узви 158-уми Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат хоҳад шуд. Аслан Тоҷикистон дар моҳи июли соли 2001-ум барои узвият дар Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат ариза навишту баъди он як гурӯҳи корӣ дар давоми 11 сол заминаи узвияти Тоҷикистон ва мутобиқати қонунҳои ин ҷумҳурӣ ва режими тиҷорати хориҷии онба меъёрҳои Созмони Ҷаҳонии Тиҷоратро баҳс намуданд.

Дар ин муддат тахминан 100 қонуну дастури тиҷории Тоҷикистон тағийр ёфт. Дар ҳамин ҳол, дафтари матбуотии президенти Тоҷикистон ба хабарнигори Итар ТАСС гуфтааст, Душанбе кӯшиҳшои вуруд ба Иттиҳоди гумрукии Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъро канор нахоҳад гузошт.

«Озодӣ»


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi