15:54:29 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

137 МИЛЛИОН $ КУМАКИ БЕБОЗГАШТИ ADB БА ТОҶИКИСТОН

Бонки Осиёии Рушд (ADB) нақша дорад, дар ду соли оянда барои пешрафти Тоҷикистон 137 миллион доллар тақдим намояд. Бонки Осиёии Рушд ё ADB ҳадаф аз ин кӯмаки бебозгаштро фароҳамоварии имкониятҳои иқтисодӣ ва кафолати рушд дар Тоҷикистон арзёбӣ мекунад.

/images/stories/2012/12/11_adb-111212.jpgДар торнамо ё сайти Бонки Осиёии Рушд барномаи фаъолияти бонк барои солҳои 2013-2014 нашр шудааст, ки он ба ваҷҳи умум бо стратегияи коҳиши камбизоатӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2006 - 2015, мутобиқ аст.

Раҳбари барномаҳои БОР дар Тоҷикистон ҷаноби С.С.Ю (C.C. Yu), ки ду ҳафта пеш ба ин вазифа пешбарӣ шудааст, мегӯяд, "захираҳои бонк маҳдуд ҳаст ва мо воқеан бояд секторҳои калидӣ, шабеҳи энергетика, нақлиёт ва таъмини шароити сармоягузории хусусиро дастгирӣ кунем.”

Раҳбари Идораи Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон ҳамчунон афзудааст, ин ниҳод дар таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ, беҳбуди кори идорӣ ва тавозуни гендерӣ саҳмгир хоҳад буд. Ҳамин тариқ, Бонки Осиёии Рушд дар тармиму беҳбуди кори нерӯгоҳи барқу оби "Головная", воқеъ дар рӯди Вахш, тармиму таъмири долонҳои нақлиётӣ, бунёди фазои рушд дар ҳавзаи рӯди Панҷ, ислоҳоти низоми ҷамъоварии андоз, афзоиши ширкати бахши хусусӣ дар маорифи олӣ, техникӣ ва таълими шуғл сармоягузорӣ хоҳад кард.

Тоҷикистон дар соли 1998 ба узвияти Бонки Осиёии Рушд қабул шуда, то кунун дар чаҳорчӯби барномаҳои мухталиф аз ин бонк 966 миллион доллар қарз дастрас намудааст. Сохтмони порае аз роҳи Кӯлоб-Хоруғ ва таъмиру тармими роҳи мошингард миёни Душанбе ва Ҷиргатол аз намунаи барномаҳои Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон аст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi