13:01:13 01-уми Июни 2025 сол

СОЗИШНОМАИ ҲАМКОРИИ ТОҶИКИСТОНУ НАТО ТАСВИБ ШУД

Вакилони парлумон созишномаи ҳамкории Тоҷикистону НАТО дар мавриди идораи захираҳои аслиҳаро тасвиб карданд.

/images/stories/2013/01/03_majlisi-oli-030113.jpgТарҳи санади ҳамкории Тоҷикистону НАТО рӯзи 3-юми январ барои дувумин бор дар Маҷлиси намояндагон баррасӣ ва тасвиб гардид. Вакилони парлумон бори аввал ин тарҳро ба далели камбудҳояш, аз ҷумла тарҷумаи нодурусти он ба забони тоҷикӣ напазируфта буданд.

Созишномаи миёни Тоҷикистон ва НАТО ба амният ва идораи захираҳои аслиҳа дар Тоҷикистон марбут буда, 31-уми январи соли 2012 дар шаҳри Брюссел имзо гардидааст. Дар он пешниҳоди кӯмаки фаннии НАТО ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 570 ҳазор евро барои ҳифзи захираҳои аслиҳа ва таъмини амнияти онҳо дар назар аст.

Тарҳи созишномаи мазкур аз тарафи Вазорати дифои Тоҷикистон таҳия ва ба баррасии вакилон пешниҳод шудааст. Муҳаммадато Султонов, масъули дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон, рӯзи 3-юми январ ба мо гуфт, "он нуқсу камбудҳое, ки дар иҷлосияи гузашта боиси ба таъхир афтодани тасвиби ин созишнома гардиданд, бартараф шуданд."

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854