03:00:45 09-уми Октябри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Октябр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

ВАЗИРИ МАОРИФ: "ТАРАФДОРИ БОЗГАШТ БА ХАТТИ ФОРСӢ НЕСТАМ"

Вазири маорифи Тоҷикистон дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, дар ҳоли ҳозир далели бозгашт ба хатти форсиро намебинад.

/images/stories/2013/01/08_vaziri-maorif-080113.jpgНуриддин Саидов, вазири маорифи Тоҷикистон, рӯзи душанбе дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, тарафдори ба алифбои форсии арабиасос гузаштани кишвар нест. Ӯ бо ёдоварӣ аз қарни гузашта афзуд, "дар он вақт се бор алифбо дар Тоҷикистон иваз шуд ва се бор барои мардум мушкил пеш омад."

Ҷаноби Саидов таъкид кард, дар ҳоли ҳозир зарурати гузаштан ба алифбои форсиро намебинад. "Ман тарафдори донистани таърих ва адабиёти гузашта ва алифбои форсӣ ҳастам ва дар Тоҷикистон барои омӯзиши ин алифбо монеае вуҷуд надорад. Аммо тарафдори гузаштан аз алифбои кириллӣ ба алифбои арабиасос нестам",-гуфт вазири маорифи Тоҷикистон. Вай дар идомаи суҳбаташ илова кард, "иваз намудани алифбо метавонад масъалаи идеологӣ ва иқтисодиро пеш орад."

Нуриддин Саидов таҷрибаи чандсолаи Узбакистону Туркманистонро, ки аз ҳуруфи кириллӣ ба лотинӣ гузаштаанд, намуна оварда гуфт, ин кишварҳо бо иваз намудани алифбои худ ба натиҷаи дилхоҳе даст наёфтанд. "Ҳар зиёӣ дар Тоҷикистон ҳақ дорад, ки алифбои форсиро донад, вале ин ба он маъно нест, ки тамоми кишвар ба ҳуруфи арабиасос гузарад",-афзуд Саидов.

Гурӯҳе аз зиёиёне, ки дар Тоҷикистон ва хориҷ аз он тарафдори алифбои ниёкон ё худ алифбои форсӣ ҳастанд, таъкид мекунанд, ки аз кириллӣ ба ин алифбо гузаштан имкон медиҳад, осори таърихии чандсолаи кишвар, ки ҳанӯз омӯхта нашудааст, мавриди омӯзиш қарор дода шавад. Илова ба ин, онҳо зикр мекунанд, алифбои форсӣ мардуми Тоҷикистонро ба ҷаҳони матбуот ва нашриёте, ки бо ҳуруфи форсӣ навишта мешавад, пайванд хоҳад дод.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi