ДАРЁФТИ ҶАСАД ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ
Дар деҳаи Гулбутаи ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ дар канори чапи шоҳроҳи Душанбе-Қӯрғонтеппа аз лаби ҷуйбор ҷасади марди шахсияташ номаълум, тахминан 40-45 сола бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт карда шуд.
Аз ВКД ба сомонаи «Рӯзгор» иттилоъ доданд, ки ҷасадро пеши сараш каммӯй, аз тарафи рости ҷоғи боло дандони шашум аз метали ранги зард буда, дар ангушти дуюми дасти чапаш нишонаи ангуштарин бо хатҳои кабуд кашида, дар рӯи дасташ ҳарфи «Ш» ва дар ангушти калони дасти росташ нишонаи нотаи мусиқӣ «ДО» (татуировка) кашида шудааст.
Гуфта мешавад, нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ боз гардидааст. Манбаъ илова намуд, ки аз ҳамаи он нафароне, ки нисбати ин шахс ягон маълумоте доранд, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки тавассути телефонҳои 221-21-21, 227-98-98 ва ё бо рақами 02 хабар диҳанд.
Темур Раҷабализода, “Рӯзгор”