01:45:52 09-уми Октябри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Октябр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

ДАР ХОРУҒ 1,5 ТОННА АРАҚ МУСОДИРА КАРДА ШУД

Ба хотири ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва таъмини мардум бо маводи озуқавории ба талабот ҷавобгӯ аз ҷониби сохторҳои қудратии ВМКБ дар нуқтаҳои савдо пайваста рейдҳои муштарак доир карда мешаванд.

/images/stories/2013/01/10_vodka-khorugh-100113.jpgДар натиҷаи яке аз чунин рейдҳо, ки аз ҷониби кормандони раёсати кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят, прокуратураи шаҳри Хоруғ, нозироти андоз, маркази санитарӣ-эпидемологӣ ва дигар сохторҳои марбута доир карда шуд, дар яке аз мағозаҳои бозори марказии шаҳри Хоруғ 2890 адад шишаи арақи бетамғаи аксизӣ ошкор ва нобуд карда шуд.

Пас аз ташхиси пурра дар раёсати агентии Тоҷикстандарт дар ВМКБ маълум гардид, ки арақҳои ошкоргардида ғайристандартианд. Аз ин рӯ онҳо бо иштироки комиссияи муштараки сохторҳои қудратии вилоят нобуд карда шуданд.

Инчунин нисбати соҳибкор Суриев Диловар, ки арақҳои ошкоргардида ба ӯ мутаалиқ буданд, бо қарори модаи 639-уми Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қарори суди шаҳри Хоруғ ҳукми мусодираи мол ва ҷаримаи даҳ  маоши ҳадди ақал татбиқ карда шуд.

Ин миқдор машруботи спиртии ғайристандартӣ, ки аз ҷониби сохторҳои қудратӣ дар вилоят  ошкор ва нобуд карда шуд, барои нафаре манбаи даромади калон ба ҳисоб мерафт, аммо садҳо нафари дигарро метавонист ба касалиҳои мухталиф водор намояд.

Алишер Ҷунайдов, «Рӯзгор» Хоруғ



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi