БОЗДОШТИ "ДУ ТЕРРОРИСТИ ЭҲТИМОЛӢ" ДАР МАСЧОҲ
Дар амалиёти боздошти ин афрод, як афсари нерӯҳои махсуси вазорати умури дохилӣ захмӣ шудааст. Бино ба гузоришҳо ва ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, маъмурони амниятии Тоҷикистон се нафарро, ки ба узвият дар гурӯҳҳои террористӣ муттаҳам мешаванд, дастгир кардаанд.
Сироҷиддин Аҳмадов, сокинони рустои Арнохуни ноҳияи Масчоҳ, ба мо гуфт, ин се нафар, ки ба кадом гурӯҳ мутаалиқ будани онҳо ҳоло маълум нест, ба нерӯҳои махсуси раёсати умури дохилии вилояти Суғд муқовимати мусаллаҳона нишон дода ва яке аз маъмурони милисаро захмӣ кардаанд.
Ба гуфтаи ӯ, ду нафар аз ин афрод зоҳиран сокинони рустои Ғузни ноҳияи Масчоҳ ва яке дигарашон аз Исфара будааст. Хабаргузории “Азия Плюс”, аз қавли манобеъи худ дар ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон навиштааст, ки дар ҷараёни амалиёт, ду нафар “террористони мазнун” боздошт шудаанд ва аз онҳо тиру туфанг мусодира шудааст.
Ин се нафар дар хонае дар рустои Арнохун пинҳон шуда будаанд ва аз ҳузури онҳо сокинони маҳаллӣ ба мақомоти интизомӣ хабар додаанд. Бо вуҷуди муроҷиати батакрор, дар Раёсати умури дохилии вилояти Суғд аз сӯҳбат дар бораи ин хабар аз тариқи телефон худдорӣ карданд.
Додситонии кулли Тоҷикистон гуфтааст, соли гузашта дар кишвар 144 нафарро бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳҳои тундрав ва террористӣ боздошт карданд. Аксарияти онҳо яъне 76 нафар ба узвият дар Ҳаракати Исломии Туркистон ва муттаҳам мешуданд ва 36 нафар ба узвият дар созмони тундрави Ҳизб ут-Таҳрир, ки мехоҳанд, кишварҳои Осиёи Марказӣ низоми исломӣ дошта бошанд. Аксарияти аъзои Ҳизб-ут-Таҳрир низ дар шимоли Тоҷикистон, дар вилояти Суғд боздошт шудаанд.
«Озодӣ»