05:21:10 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Январ 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ҲАЛОКАТИ ЯК ҶАВОНИ ТОҶИК АЗ ТИРИ ПУЛИС ДАР МАСКАВ

Субҳи якшанбе дар шифохонаи ноҳияи Одинтсовои вилояти Маскав, шарҳрванди Тоҷикистон Ҷумъахон Азизов, ки як рӯз пеш аз тири афсарони полиси Русия ҷароҳат бардошта буд, вафот кард. Ба қавли табибон, Азизов аз сараш тир хӯрда ва наҷот додани ӯ хеле душвор буд. Чаҳор нафари дигар, ки ҳамроҳ бо Азизов боздошт шудаанд, сиҳату саломатанд.

/images/stories/2013/01/13_polis-130113.jpgСафорати Тоҷикистон дар Маскав ба мо тасдиқ кард, ки Азизов Ҷумъахон Ҳафизович соли таваллудаш 1987 ва чаҳор ҳамроҳ ӯ зодагони ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон мебошанд. Бо дастури Абдумаҷид Достиев-сафири Тоҷикистон дар Маскав, дипломатҳои тоҷик ба ноҳияи Одинтсово рафта, таҳқиқи қазияро пайгирӣ доранд.

Сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав Муҳаммади Эгамзод ба мо гуфт: Азизов Ҷумъахон Ҳафизович соли таваллудаш 1987 зодаи деҳаи Фурӯзобаи ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон ва чор ҳамроҳи ӯ: Шарифов Шӯҳрат Шерович, Саидшоҳи Шоҳвалӣ, Аҳмадхони Хайраҳмад ва Ҷабборов, ҳамагӣ сокинони вилояти Хатлон мебошанд.

Рӯзи шанбе хабаргузории Интерфакс бо такя ба иттилоъ аз сарраёсати полиси вилояти Маскав гузориш дода буд, ки ҳангоми боздошти ронандаи як мошини сабукрав, афсарони полис аз силоҳи оташфишон истифода бурда, як нафарро бо ҷароҳатҳо ба шифохона интиқол доданд.

Ба навиштаи ҳамин хабаргузорӣ, субҳи барвақти 12-уми январ дар ноҳияи Одинтсовои вилояти Маскав мошини ВАЗ 21093 мошини полисро дида, кӯшиш кард аз он фирор намояд. Вале афсарони полис худро ба он расонида ва пеши роҳашро гирифтанд.

Афсарони полис иддао доранд, ки ҳангоми тафтиши ҳуҷҷатҳо, яке аз боздоштшудагон бо корд ба онҳо муқовимат намуд ва афсарон ибтидо ба ҳаво тир холӣ намуда, сипас ӯро ҳадаф қарор додаанд. Полис таҳқиқи зарурати истифодаи силоҳ аз ҷониби афсари полисро оғоз намудааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi