07:15:02 16-уми Июни 2025 сол

ҲУШДОРИ Р.РАҲИМОВ АЗ ФАЪОЛ ШУДАНИ ГУРУҲҲОИ ТЕРРОРИСТӢ

Вазири умури дохилӣ аз афзоиши фаъолияти гуруҳҳои террористӣ дар қаламрави Тоҷикистон ҳушдор дод ва ҷомеаи кишварро барои ҳамкорӣ даъват кард.

/images/stories/2013/01/18_ramazon-18012013.jpgРамазон Раҳимов рӯзи 18-уми январ зимни як нишасти хабарӣ гуфт, аъзои гуруҳҳои террористие, ки аз хориҷ вориди қаламрави Тоҷикистон мешаванд, хеле ба содагӣ дар Душанбе, Қӯрғонтеппа ва вилояти Суғд, ҷойгир шуда ва ҳатто утоқҳоро ба иҷора мегиранд, аммо ҳамсояҳои онҳо намедонанд, дар паҳлӯяшон кӣ зиндагӣ дорад.

Аз ин рӯ Вазорат барои ошкор кардани ин афроди харобкор, реҷаи паспортиро ҳамчун тадбири аввалӣ рӯи даст гирифтааст. Генерал Раҳимов таъкид кард, ки ба хотири таъмини тартибот, ҳамкориро бо дигар сохторҳои қудратӣ тақвият бахшиданд.

Вазири умури дохилӣ дар ин нишаст ба амалиёт дар шимоли Тоҷикистон, ба вижа дар ноҳияиҳои Мастчоҳ ва Конибодом ишора кард ва гуфт, ки амалиёт алайҳи гурӯҳҳои террористӣ идома дорад. Ба таъкиди генерал Раҳимов, то кунун даҳ нафар аз афроди ин гурӯҳҳо боздошт шудаанд.

Рамазон Раҳимов, вазири корҳои дохилӣ дар ин нишасти хабарӣ ҳамчунин аз афзоиши ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон изҳори ташвиш кард ва гуфт, мизони он дар кишварҳои ҳамсоя ба андозаи Тоҷикистон набудааст.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854