07:50:08 01-уми Июни 2025 сол

3 МАЪМУРИ ПУЛИС БАРОИ СӮИИСТИФОДА АЗ МАҚОМ МУРОФИА МЕШАВАНД

Алайҳи се корманди вазорати умури дохилӣ, ки бо роҳи фишор аз се муҳоҷири тоҷик маблағи 350 ҳазор евро гирифтаанд, парванди ҷиноӣ боз шудааст. Дар ин бора Ҷамшед Сангов, сардори Раёсати Оҷонсии мубориза бо фасод дар вилояти Хатлон, рӯзи 23 – юми январ зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

/images/stories/2013/01/23_jamshed-sangov-23012013.jpgБа гуфтаи ҷаноби Сангов, сардори бахши мубориза бо маводи мухаддири ШВКД дар шаҳри Қӯрғонтеппа, капитан Шодибек Султонов бо иттиҳоми сӯйистифода аз мақоми хидматӣ боздошт шуда, ду корманди дигари Вазорати корҳои дохилӣ мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд.

Ҷаноби Сангов мегӯяд, капитани боздоштшуда ҳамроҳи ду корманди дигар аз шӯъбаҳои корҳои дохилии ноҳияи Сино ва Бохтар моҳи ноябри соли 2012 се муҳоҷири тоҷикро, ки нав ба Ватан баргашта буданд, ба идораи пулис оварда, бо роҳи фишору иттиҳомоти сохта аз онҳо 350 ҳазор евро гирифтаанд. Ба иттилои мақомот маблағи 350 ҳазор евро дар дасти ду корманди фирории ВКД ва як шаҳрванди қатории узви ин гуруҳ  қарор дорад, ки то ҳол боздошт нашудаанд.

Дар чанд соли ахир бархе аз кормандони мақомоти умури дохилӣ дар манотиқи гуногуни кишвар ба гумони даст доштан дар ришвату фасод боздошт ва маҳкум шудаанд. Аз ҷумла Оҷонсии фасод дар Хатлон тайи соли 2012 нисбати 10 корманди вазорати умури дохилӣ ва 5 корманди сохторҳои вазорати мудофиа парвандаи ҷиноӣ боз карда, дар маҷмӯъ 18 ҳолати сӯиистифодаро аз мансаб сабт кардааст.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854