01:18:12 02-уми Июни 2025 сол

АЗ ҚАТОРИ ДУШАНБЕ-МАСКАВ 27 КИЛО ҲЕРОИН МУСОДИРА КАРДАНД

Дар вилояти Астрахан ё Аштархони Русия марзбонони ин кишвар аз махфигоҳе дар қатори Душанбе-Маскав 27 кило ҳероин мусодира кардаанд. Дар ин бора Ирина Ғафурова-намояндаи раёсати марзбонии минтақа ба матбуоти Русия хабар додааст.

/images/stories/2013/01/28_geroin-28012013.jpgБа гуфтаи Ғафурова, дар посгоҳи марзии истгоҳи Оқсарой ҳангоми тафтиши ҳуҷҷатҳои қатор саги марзбонон ин махфигогҳро пайдо кардааст. Ғафурова гуфтааст, қочоқчиии эҳтимолии маводи мухаддир боздошт шудааст ва ҳоло ҷустуҷӯи ҳамдастони вай идома дорад.

Бар асоси қонунҳои Русия, қочоқчии ин миқдор ҳероин то 20 сол маҳкум ба зиндон хоҳад шуд. Дар хабар аз қочоқчии эҳтимолӣ ва ё тобеияти вай ба кишваре ном бурда намешавад.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854