15:07:42 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Май 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 27 28 29 30
31            

ХОРИҶИЁНИ СОҲИБТАБАА БА АРТИШИ РУСИЯ ДАЪВАТ ХОҲАНД ШУД

Дар ҳоле ки аксари ҷавонони Русия аз хизмат дар сафи артиш дурӣ меҷӯянд, Вазорати мудофиаи ин кишвар тасмим гирифтааст, ин холигоҳро аз ҳисоби ҷавонони зодаи кишварҳои хориҷӣ пӯшиш диҳад. Мувофиқи як тарҳи нави Вазорати дифои Русия, ҳамакнун ҷавононе, ки аз давлатҳои хориҷӣ омада шаҳрвандии Русияро қабул кардаанд, бояд дар сафи артиши ин кишвар хизмат кунанд. Дар ин бора матбуоти расмии ин кишвар хабар дод.

/images/stories/2013/02/08_armya-rus-08022013.jpgТибқи тағйироту иловаҳои нав ба қонуни Русия оид ба "Хизмати артиш", ки аз ҷониби ҳукумати Русия  тасдиқ шудаанд, хориҷиҳое, ки шаҳрвандии ин кишварро ба даст оварда қаблан дар кишварҳои худ дар артиш хизмат кардаанд, аз даъвати сарбозӣ озод мешаванд. Чунин муқаррарот нисбати шаҳрвандони кишварҳое татбиқ мешаванд, ки бо Русия қарордодҳои дуҷонибаи расмӣ имзо кардаанд. Ҳоло Тоҷикистон ва Туркманистон дар миёни чунин кишварҳо номбар мешаванд.

Дар сурате, ки шаҳрвандони собиқи Тоҷикистон то синни 27-солагӣ шаҳрвандии Русияро мепазиранд, муваззаф мешаванд, ки дар артиши ин кишвар хизмат кунанд. Агар онҳо дар артиши Тоҷикистон хизмат карда баъдан соҳиби паспорти Русия шудаанд, аз хизмат озод мешаванд.

Вазорати дифои Русия, ки ташаббускори ворид кардани ин тағйироту иловаҳо ба қонун оид ба хизмати  сарбозӣ будааст, мегӯяд, зарурати чунин ислоҳот дар мавридҳои афзояндаи фирори ҷавонон аз хизмат, вазъи сангини демографии кишвар ва ҳам дар сатҳи поин будани обурӯи артиш дар чашми мардум мебошад.

Александр Каншин, раиси комиссиюни Палатаи ҷамъиятӣ оид ба масоили амнияти миллӣ гуфт, ки аз ин ба баъд хориҷиҳое, ки шаҳрвандии Русияро мепазиранд, ҳатто агар дар ватани худ дар артиш хизмат карда бошанд ҳам, дар чаҳорчӯби қонунҳои Русия ба артиш даъват мешаванд.

Баъзе аз соҳибназарон пешниҳод мекунанд, ки аз хизмати дубораи сарбозӣ шаҳрвандони собиқи кишварҳои узви Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ озод шаванд. Раҳбари Маркази таҳлилҳои ҳарбӣ Анатолий Циганок мегӯяд, ки дар оянда дар баробари Тоҷикистону Туркманистон мешавад "шаҳрвандони собиқи Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва дигар дӯстони Русия"-ро аз хизмат озод кард.

Масъалаҳои мисли зӯргӯиву меҳтарсолорӣ ё дедовшина, хатари ширкати сарбозон дар амалиёти ҷангии ҳукуматӣ дар минтақаҳои доғи мисли Қафқози Шимолӣ бисёр ҷавонон ва волидони онҳоро аз хизмат дар артиш дилсард мекунад. Ҳодисаҳои вуҷуди хушунат, худкушии сарбозон, ки ба зӯроварии афсарон тоб оварда наметавонанд, ҳар сари чанд вирди забони матбуот ва аҳли ҷомеа мешавад.

Ҳанӯз аз январи соли 2008 бо мақсади боло бурдани обрӯи хизмати сарбозӣ ҳукумати Русия қарор кард, ки мӯҳлати хизмати ҳатмии артишро аз ду то як сол коҳиш диҳад. Вале бо ин вуҷуд, нирӯҳои мусаллаҳи Русия бо мушкили камбуди сарбозону афсарон рӯбарӯ мебошад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi