17:19:07 01-уми Июни 2025 сол

РӮНАМОИ КИТОБҲОИ МУҲАҚҚИҚОНИ ТОҶИКУ ЭРОНӢ ДАР ДУШАНБЕ

Имрӯз, 8-уми феврал, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон рӯнамои китобҳои илмӣ - тадқиқотии олимони тоҷику эронӣ «Синдбоднома», «Шеъри муосири Эрон», «Китобшиносии Фирдавсӣ» ва маҷаллаи «Андеша» баргузор гардид, ки дар он Сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст ва олимону нависандагони кишвар иштирок намуданд.

/images/stories/2013/02/08_aliasghar-080213.jpgДар баромаду суханрониҳои ҳозирин ба китоби «Шеъри муосири Эрон» баҳои баланд дода шуд ва зикр гардид, ки ин китоб барои муаррифӣ кардани вазъи шеъри имрӯзи Эрон ба хонандаи тоҷик бисёр муфид аст. Китоби мазкур навиштаи Алиасғари Шеърдӯст буда, дар он перомуни ҳаёту осори зиёда аз 60 шоири муосири Эрон маълумоти мукаммал оварда шудааст.

Ҳамчунин дар анҷом ба иштирокчиён шумораи нави маҷаллаи илмии «Андеша» тақдим карда шуд ва зикр гардид, ки ин ҳамоиш бо ташабуси Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Китобхонаи миллӣ баргузор шудааст.

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854