01:20:53 16-уми Июни 2025 сол

НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КИШОВАРЗӢ ДАР ХАТЛОН

Имрӯз, сафири ИМА Сюзан Эллиотт, муовини Сарвазир Муродалӣ Алимардон ва раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзал ба дуввумин намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти кишоварзӣ - “Агро-Экспо Хатлон 2013” дар шаҳри Қурғонтеппа ифтитоҳи расмӣ бахшиданд.

/images/stories/2013/03/01_kishovarzi-010213.jpgНамоишгоҳи мазкур деҳқонон, тоҷирони кишоварзӣ, институтҳои молиявӣ, тоҷирони хориҷӣ ва дохилии маҳсулоти кишоварзиро бо мақсади густариш додани муносибатҳои тиҷоратӣ ва рушди савдо ба ҳам меоварад. Дар давоми ду рӯзи намоишгоҳ интихоби васеи дастгоҳҳо ва маҳсулоти кишоварзӣ пешкаши меҳмонон гардида, иштирокчиён дар семинар-машвартҳо оид ба рушди тиҷорати кишоварзӣ ширкат меварзанд.

“Намоишгоҳи имрӯза ба ҳамкории зич миёни деҳқонон ва намояндагони соҳаи тиҷорати кишоварзӣ мусоидат менамояд, муносибатҳои тиҷоратиро миёни таъминкунандагони хориҷӣ ва дохилии маҳсулоти кишоварзӣ густариш дода, маҳсулоти кишоварзиро дар ноҳияи Хатлон меафзояд. Инчунин намоишгоҳи мазкур сатҳи дониши деҳқононро оид ба маҳсулоти баландсифати мавҷудбуда меафзояд”- қайд кард сафир Эллиотт дар суханронии хеш.

Барномаи USAID оид ба рушди самаранокии соҳаи кишоварзӣ яке аз лоиҳаҳои сершумори кӯмакрасон мебошад, ки аз ҷониби мардуми Амрико амалӣ мегардад. Аз соли 1992 инҷониб мардуми Амрико тавассути барномаҳо ва кӯмакҳои башардӯстона барои дастгирӣ намудани ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи 1 миллиард доллари ИМА-ро ҷудо намудааст.

“Рӯзгор”

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854