02:36:42 27-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

И. КАРИМОВ: "ДЕМОКРАТИЯ АХЛОҚИ МАРДУМРО ВАЙРОН МЕКУНАД"

Раисҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов гуфтааст, ки ӯ демократияи ғарбиро манбаи "футури ахлоқ" ва "ҳамҷинсгароӣ" медонад. Дар ин бора сомонаи Викиликс бо такя ба мукотибаҳои маҳрамонаи дипломатҳои Амрико навиштааст, ки бахши навбатии он рӯзи 4 март пахш шуд.

/images/stories/2013/03/06_islam-karimov-060313.jpgБар пояи барқияҳои дипломатӣ, ки аз номи собиқ сафири Амрико дар Узбакистон пахш шудааст,  Ислом Каримов дар бораи "ғайриахлоқӣ" будани демократияи Ғарбӣ, дар ҷараёни сафараш ба Кореяи Ҷанубӣ ва дар посух ба пурсуҷӯи президенти ин кишвар иддао кардааст.

Каримов гуфтааст, ҳукуматаш танҳо демократияеро татбиқ мекунад, ки  хоси “ахлоқи маҳаллӣ” бошад ва ба талаби як кишвари 85 дар сад мусалмон мувофиқат кунад. Раисҷумҳури Узабкистон ҳамҷинсгароиро як амали барои мардуми кишвараш “нафратангез” хонадааст ва  гуфтааст, демократияи ғарбӣ ахлоқи пок ва фарҳанги мардуми узбакро вайрон мекунад.

Номаҳои маҳрамонаи дипломатӣ таҳти унвони "Каримов дар Корея: Сармоягузории хориҷӣ хуб, вале шеваи демократияи ғарбӣ покии моро вайрон мекунад, ” гуфтааст, шарҳи Каримов дар бораи “демократия” метавонад ишорае барои тағйири сиёсат бошад. Бо танқиди  демократияи ғарбӣ, эҳтимолан Узбкистон аз устурае, ки гӯё ин кишвар ба демократия таваҷҷуҳ дорад, даст бикашад.

Викиликс мегӯяд, ба назар мерасад, рафтори мардуми муҳофзакори Узбакистон низ дар баробари ҳамҷинсгароӣ ва дифоъ аз ҳаққи ҳамҷинсгароён бисёр манфӣ аст. Матбуоти ин кишвар низ мавзуъи ҳамҷинсгароиро аз зовияи манфӣ пайгирӣ мекунад ва рӯзноманигорон низ "ахлоқи бади ғарбро" танқид мекунанд.

Ба гуфтаи Викиликс, Муҳаммад Солеҳ, раҳбари мухолифини Узбакистон, қавл дода будааст, ки агар ба мақоми раисҷумҳур интихоб шавад, тамоми ҳамҷинсгароён ва маризҳои дигарро дар инзиво қарор медиҳад, то ба дигарон таъсир нарасонанд.

Ҳамҷинсгароӣ дар Узбакистон расман мамнӯъ аст ва бар пояи банди 120-уми Қонуни ҷиноии ин кишвар аз ҷарима гирифта то се соли маҳбас муҷозот дорад. Аммо ин қонун танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ, махсусан пӯшидани даҳони ҳамҷинсгароён ва ё бадном кардани рақибон истифода мешавад.

Бар пояи баъзе гузоришҳо, ҷосусҳои полиси Узбакистон бо истифода аз Интернет бо ҳамҷинсгароён вориди сӯҳбат мешаванд ва сипас онҳоро боздошту шантаж ва бо парвандаҳои ҷиноӣ таҳдид мекунанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi