18:21:59 15-уми Июни 2025 сол

МУЛОҚОТ БО ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ПОКИСТОН ОСИФ АЛӢ ЗАРДОРӢ

Бегоҳии рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ашхобод бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ мулоқот намуд. Дар вохӯрӣ доир ба паҳлӯҳои гуногуни робитаҳои Тоҷикистону Покистон гуфтугӯ сурат гирифт.

/images/stories/2013/03/20_dujoniba200313.jpgЭмомалӣ Раҳмон бо таваҷҷуҳи хоса ба рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ изҳор дошт: “Тоҷикистон майлу кӯшишҳои Покистонро ба фаъолияти бештар дар доираи Созмонҳои ҳамкории иқтисодӣ ва исломӣ ҷонибдорӣ менамояд”.

Аз густариши робитаҳои иқтисодии ду кишвар, аз ҷумла дар сатҳи соҳибкорону тоҷирон, ифтитоҳи бахши Бонки миллии Покистон дар шаҳри Душанбе ва тамоюли бозшавии намояндагиҳои тиҷоратии Тоҷикистон дар шаҳрҳо ва бандарҳои баҳрии Покистон изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика, саноати коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, истеҳсоли маводи кимиёвӣ, тиббӣ, ресандагию бофандагӣ ва маводи ғизоӣ дорои манфиати зиёд барои ҳарду кишвар арзёбӣ гардид.

Аз рушди ҳамкории босамари хадамоти махсус, сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистону Покистон, аз ҷумла барои пешгирӣ аз амалҳои террористию ифротгароӣ низ изҳори хушӣ карда шуд.

Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба авзои кунунӣ ва ояндаи Афғонистон ва ҳам дигар мавзӯъҳои минтақавӣ сурат гирифт.

President.tj

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854