17:40:09 15-уми Июни 2025 сол

МУЛОҚОТИ СЕҶОНИБАИ САРОНИ ТОҶИКИСТОНУ ТУРКМАНИСТОН ВА АФҒОНИСТОН

Дар шаҳри Ашхобод, ҳамчунин мулоқоти сеҷонибаи сарони Тоҷикистону Туркманистон ва Афғонистон баргузор гардид. Мавзӯи асосии сӯҳбати сеҷониба масоили вобаста ба сохтмони роҳи оҳани пайвандсози Тоҷикистону Туркманистон тавассути қаламрави Афғонистон буд.

/images/stories/2013/03/20_sejoniba_20031313.jpgБо қаноатмандӣ зикр гардид, ки масоили вобаста ба сармоягузории ин лоиҳа тибқи Нақшаи амалиёти Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (ЦАРЭС) моҳи октябри соли 2012 ба мувофиқа расида буд. Тибқи мувофиқа роҳи оҳани мазкур бояд то соли 2015 сохта шавад.

Пас аз анҷоми гуфтушуниди сеҷониба Ёддошти тафоҳуми Тоҷикистон, Афғонистон ва Туркманистон доир ба сохтмони ин роҳи оҳан ба имзо расид.

Зимни нишасти матбуотӣ, ки бо иштироки сарони ҳарсе давлат- Эмомалӣ Раҳмон, Ҳомид Карзай ва Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ҷараён гирифт, аз ҷумла таъкид гардид, ки ин роҳи оҳан ба густариши бесобиқаи робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва ҳам таҳкими амну суботи минтақавӣ мусоидат фаъол хоҳад дошт.

President.tj

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854