17:19:18 15-уми Июни 2025 сол

Афғонистон ба фазо киштии кайҳонӣ мефиристад


Афғонистон мехоҳад, ки дар ҳамкор
ӣ бо ширкатҳои хориҷӣ ба фазо киштии кайҳонӣ фиристад. Афғонистон аз ҷумлаи кишварҳое ба шумор меравад, ки тавони фиристодани киштии кайҳонӣ ба фазоро надорад, аммо Вазорати мухобирот ва технологияи маълумотии ин кишвар ният дорад, ки ин корро дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои хориҷӣ анҷом диҳад.

raketa-07042013Амирзай Сангин, вазири мухобирот ва  технологияи маълумотии Афғонистон, мегӯяд, се ширкати хориҷӣ эълон кардаанд, барои татбиқи ин лоиҳа, ки 300 миллион доллар ҳазина хоҳад дошт, сармоягузорӣ кунанд.

Амирзай Сангин дар суҳбати ихтисосӣ бо бахши дарии радиои «Озодӣ» гуфтааст, масъулони ин ширкатҳои алоқаманд, ки шомили ширкатҳои фаронсавӣ, шведӣ ва як ширкати муштараки Чин ва Шриланка мебошанд, барои иштирок дар маросими довталабӣ ба Кобул даъват гардидаанд.

Вай гуфтааст: «Мо ин се ширкатро барои гуфтугӯ даъват намудаем. Умедворем, ки дар зарфи як ё ду ҳафта онҳо ба Кобул мебиёянд. Ҳадафи мо ин аст, ки дар зарфи се ё чаҳор ҳафтаи оянда яке аз ширкатҳои довталабро барои амалисозии ин лоиҳа интихоб кунем.»

Ба таъкиди вазири мухобирот ва  технологияи маълумотии Афғонистон, баъд аз тавофуқ бо яке аз ин ширкатҳои байналмилалӣ киштии кайҳонӣ сохта мешавад ва он баъдан ба фазо парвоз хоҳад кард.

Амирзай Сангин дар идомаи суҳбаташ гуфтааст, ки масъалаи парвози киштии кайҳонӣ ба фазо аз сӯи кобинаи ҳукумати Афғонистон тасвиб гардида, марҳилаҳои тадорукотии ин лоиҳа аз сӯи ҳукумати кишвар дар ҳоли такмил аст.

Дар ҳоле, ки шуморе аз мардуми одӣ дар Афғонистон арзиш ва аҳамияти ин иқдоми ҳукуматдоронро намедонанд, аммо мегӯянд, беҳтар аст, то ба ҷои ҷангу бадбахтӣ талошҳое ба хотири пешрафту муҷаҳҳаз шудани Афғонистон бо технологияҳои муосир сурат бигирад.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854