12:12:07 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ҳукумати Амрико оҷонсии оморро дастгирӣ менамояд


Сафири ИМА дар То
ҷикистон хонум Сюзан Эллиотт, мудири шӯъбаи тандурустӣ оид ба масоили занон ва оилаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Лола Бобоҳоҷиева, роҳбари Оҷонсии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Бахтия Муҳаммадиева ва муовини якуми вазири тандурустӣ хонум Саида Ҷобирова дар муаррифии натоиҷи қаблии Тадқиқоти тиббӣ-демографӣ (ТТД) ширкат варзиданд. Тадқиқоти мазкур аз ҷониби ҷ
омеаи байналмиллал эътироф шудааст.

statistica-1042013Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баъзе нишонаҳои мусбат аз руи якчанд нишондодҳои тандурустӣ ба қайд гирифта шудаанд. Фавти кӯдакони то 5 сола 43 ба 1,000 дар солҳои 2008-2012 расид, ки ин назар ба 54 ба 1,000 дар солҳои 2003-2007 ва 76 ба 1,000 дар солҳои 1998-2002 ташкил дод. Аз байни заноне, ки дар 5 соли охир кӯдакони зинда ба дунё оварданд, 87 % бо кӯмаки мутахассисони касбӣ ва 77 % дар муасиссаҳои тандурустӣ зодаанд.

«Тасаввур кардани банақшагирӣ ё қабули қарор бидуни маълумоти омор имконнопазир аст.  Тадқиқоти мазкур ба ашхоси масъули Ҳукумати Тоҷикистон, ки дар қабули тасмим саҳм доранд ва шарикони байналмиллалӣ маълумоти омории дақиқ ва ниҳоӣ роҷеъ ба вазъи саломатии аҳолӣ пешниҳод мекунад»- қайд намуд Сафир Эллиотт дар суханронии хеш.

 Лоиҳае, ки тадқиқоти номбаршуда (ТТД) дар доираи фаъолиятхои он гузаронида шуда буд, аз чониби Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) ва Хазинаи Нуфуси Созмони Миллали Муттаҳид (UNFPA) дар Тоҷикистон дастгирӣ карда мешавад.

Лоиҳаи Тадқиқоти Тиббӣ-демографӣ яке аз лоиҳаҳои сершумори кӯмакрасон мебошад, ки амалишавии он бо дастгирии мардуми Амрико имконпазир гашт. Аз соли 1992 инҷониб мардуми Амрико тавассути барномаҳо ва кӯмакҳои башардӯстона барои дастгирӣ намудани ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи 1 миллиард доллари ИМА ҷудо намудааст.

“Рӯзгор”



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi