11:52:58 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Кумаки сафорати ИМА ба неруҳои марзбонии Тоҷикистон


Р
ӯзи сешанбе, 9-уми апрел, Сафир Эллиотт М. Сюзан ва шӯъбаи ҳамкории низомии Сафорати ИМА дар Душанбе ба қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон васоити нақлиёт ва таҷҳизот ба маблағи умумии зиёда аз 2 миллион доллари ИМА ба ҳайси кӯмаки бебозгашт дастрас намуданд. 

1-kumak-10042013Таҷҳизоти мазкур, ки аз ҷониби Барномаи мубориза алайҳи қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддири Фармондиҳии марказии ИМА (CENTCOM) маблағгузорӣ шудааст, имконоти қушунҳои сарҳадиро дар таъмини бехатарии марзҳои кишвар беҳтар хоҳад намуд.

Сафир Сюзан Эллиотт, дар маросими супоридани таҷҳизот ширкат варзида, қайд намуд, ки “Ҳукумати ИМА ҳадафҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар мубориза алайҳи қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир дастгирӣ менамояд.

Таъмини бехатариии марзҳои Тоҷикистон вазифаи аввалиндараҷа мебошад, ки дар сатҳи минтақа гуворост. Қушунҳои сарҳадӣ вазифаи душвор доранд, чунки онҳо дар хати аввали дифоъ бар зидди хатарҳои беруна истода, бо истифода аз захоири  маҳдуд дар манотиқи душворгузар вазифаи муҳими худро амалӣ мегардонанд”.

2-kumak-10042013Таҷҳизоти ба Ҳукумати Тоҷикистон тақдимшуда аз бист адад васоити нақлиёти душворгузар (ВНД), даҳ адад автомобили барфгард, шашсад  радиоҳои “Моторола”, сесад пойгоҳҳои барқии офтобӣ, чилу чор адад таҷҳизоти компутарӣ ва лавозимоти муҳофизатии фардӣ иборат мебошад.  ВНД ва автомобилхои барфгард ба қароргоҳҳои сарҳадии Тоҷикистон тақсим карда мешаванд. 

Онҳо дар муборизаи қисмҳои қушунҳои сарҳадӣ алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва қочоқ кӯмак хоҳанд кард. Васоити алоқа, таҷҳизоти компутарӣ ва тактикӣ низ қобилияти қисмҳои қушунҳои сарҳадӣ, қароргоҳҳ ва воҳидҳои марзбониро дар мубориза алайҳи хатарҳои беруна тақвият медиҳад.

Лоиҳае, ки васоити нақлиёт ва таҷҳизотро дастрас намудааст, яке аз лоиҳаҳои сершумори кӯмакрасон мебошад, ки амалишавии он бо дастгирии мардуми Амрико имконпазир гашт.  Аз соли 1992 инҷониб мардуми Амрико тавассути барномаҳо ва кӯмакҳои башардӯстона барои дастгирӣ намудани ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи 1 миллиард доллари ИМА ҷудо намудааст. Сафорати ИМА дастгирии қушунҳои марзбонӣ тавассути ҳамкорӣ миёни сохторҳои ИМА ва Тоҷикистонро идома хоҳад дод.

“Рӯзгор”



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi