17:41:41 15-уми Июни 2025 сол

Семинар оид ба бехатарии ҳуҷҷатгузорӣ дар ҶТ

 Понздаҳ нафар кормандони Кумитаи ҳифзи сарҳадоти сарҳади давлатии ҶТ дар семинари серӯза оид ба бехатарии ҳуҷҷатгузорӣ ширкат менамоянд. Семинари мазкур аз ҷониби Барномаи БОМКA (сарпарасташ - Иттиҳоди Аврупо, иҷрокунанда - БРСММ) дар ҳамкорӣ бо Маркази Байналмилалии Сиёсати Рушди Муҳоҷират (МБСРМ) ташкил карда шудааст.

sarhad-1042013Дар ҷараёни семинар, ду мутахассис аз Иттиҳоди Аврупо (аз кишварҳои Словакия ва Австрия) ба иштирокчиёни семинар оиди системаи аврупоии назорати ҳуҷҷатҳо, ҳамчунин дар мавзӯъҳои дастовардҳои навтарин дар бахши бехатарӣ ва муккамал будани ҳуҷҷатҳо маълумот хоҳанд дод. Мавзӯъҳои зерин, усулҳои муқаррарии чопкунӣ, технологияи рақамии чопкунӣ ва зинаҳои тайёркунии паспорт низ дар рафти семинар баррасӣ хоҳанд гардид.

Ҳадафи семинари мазкур ин таъмин намудани муқаррароти зинаи дуюми таҳияи  ҳуҷҷатгузорӣ, ки ба системаи аврупоии сезинагии ҳуҷҷатгузорӣ асос ёфтааст, мебошад. Кормандони салоҳиятдори назорати марзӣ, ки дорои таҷриба ва дониши кофӣ оиди бехатарии ҳуҷҷатгузорӣ мебошанд, дар семинари мазкур бо кори амалӣ, яъне ҳуҷҷатҳо ва ҳолатҳои воқеӣ машғул хоҳанд шуд.

Ҳадафи барномаи БОМКА ин кӯмак намудан дар такмили бехатарӣ дар Осиёи Марказӣ, мусоидат намудан дар қонунӣ гардонидани тиҷорат ва транзит ва ҳамчунин пешгирӣ намудани убури ғайриқонунии одамон тавассути сарҳадоти Осиёи Марказӣ мебошад.

Барномаи БОМКA аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ гардида ва фаъолиятҳои он тавассути БРСММ ва Маркази Байналмилалии Сиёсати Рушди Муҳоҷират (МБСРМ) амалӣ мешавад.

“Рӯзгор”

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854