16:56:05 15-уми Июни 2025 сол

Боздошти гуруҳи ҷиноӣ бо сардории Юсуф Алиматов


Мақомоти то
ҷик як узви хонаводаи бонуфузи Алиматовҳоро ҳамроҳ бо се нафари дигар боздошт кардаанд.

bozdosht-18042013Юсуф Алиматов, зодаи ноҳияи Данғара аз хонаводаи бонуфузи Алиматовҳо, ҳамроҳи се нафари дигар, ки дар амалҳои авбошӣ даст доштаанд, аз тарафи кормандони Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бар зидди коррупсия боздошт шудаанд.

Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бар зидди коррупсия рӯзи 18-уми апрел ба мо гуфт, ки гурӯҳи зудамали ин ниҳод дар як амалиёт дар ҳафтаи гузашта Юсуф Алиматовро ҳамроҳи ду нафари дигар боздошт карданд, ки онҳо аз як шаҳрванд 20 ҳазор доллар гирифта, ӯро маҷбур мекунанд, ки аз баҳри ин маблағаш гузарад.

Илова ба ин, бо як сокини дигар дар масъалаи маблағ баҳс намуда дар пои ӯ бо тири таппонча мепаронанд ва ин шахс ҳамакнун дар бемористон бистарӣ мебошад.

Бар асоси аризаи ҷабридадҳо, кормандони Оҷонсӣ ин гуруҳро, ки сардораш Юсуф Алиматов мебошад, боздошт карданд. Ин гуруҳ тибқи парвандаи ҷиноӣ, бо амали авбошӣ муттаҳам карда шудаанд. Фаттоҳ Саидов меафзояд, ки ин гуруҳи аслан аз 5 нафар иборат буда, ду нафари дигар дар ҷустӯҷӯ қарор доранд.

Гуфта мешавад, ки Юсуф Алиматов ҳамроҳи бародарони дигараш дар ширкати маъруфи «Сим-Сим» фаъолият доштааст, аммо ба гуфтаи Фаттоҳ Саидов, ӯ дар ягон ширкат кор намекунад ва бекор будааст.

Ҳоло муфаттишони Оҷонсии мубориза бо фасод парвандаи алайҳи Юсуф Алиматовро таҳқиқ доранд ва ба иттилои ин ниҳод, имкон дорад бо дастгир кардани ду нафари дигари узви ин гуруҳ, амалҳои ҷиноии дигар ошкор шаванд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854