18:02:50 15-уми Июни 2025 сол

Фаъоли ҳизби наҳзати исломиро лату кӯб кардаанд


Афроди номаълум муовини раиси ҳизби наҳзати исломии То
ҷикистонро лату кӯб кардаанд.

mahmadali-haitov-190413Мақомоти Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон мегӯянд, шоми рӯзи ҷумъа тахминан соати 19:40 дақиқаи вақти Душанбе ҳангоми бозгашт ба хона дар маҳаллаи 91-уми пойтахти Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ҳаитов-муовини раиси ин ҳизб дар даромадгоҳи манзили зист аз пушт мавриди ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифтааст.

Сухангӯи ин ҳизб Ҳикматулло Сайфуллозода ба Радиои Озодӣ гуфт, ки зоҳиран ҳамла бо фаъолиятҳои сиёсии Ҳаитов иртибот дорад. Сайфуллозода афзуд, ки ҳоло  Ҳаитов бо ҷароҳатҳо ба бемористони минтақаи Қарияи болои шаҳри Душанбе интиқол ёфтааст.

Ду сол пеш худи сухангӯйи ҳизби наҳзати исломӣ Ҳикматулло Сайфуллозода ҳам дар тақрибан ҳамин хел вазъият дар маҳаллаи 112-уми пойтахти Тоҷикистон лату кӯб шуда буд, вале масъулони ҳамла ёфт то ҳанӯз номаълум ҳастанд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854