16:57:31 15-уми Июни 2025 сол

Ба Сафири Русия дар Душанбе ёддоштҳои ВКХ супорида шуд

23 апрели соли 2013 ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафири Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Юрий Попов даъват карда шуд.

deportament-tjk-24042013Дар рафти вохӯрӣ нигаронии ҷониби Тоҷикистон оид ба баромадҳои пай дар пайи шахсони воломақом ва ҷамъиятии Русия иброз карда шуд. Қайд гардид, ки чунин суханҳо ба муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар халали ҷиддӣ ворид месозад.

Дар ёддошти ба Сафири Русия супоридашуда, гуфта мешавад: вазъияте, ки мансабдорони воломақоми давлатӣ ва ҷамъиятӣ аз тариқи ВАО суханҳои аз ҳақиқат дур, тӯҳматнок, таҳқиромез ва ғайридӯстона садо медиҳанд, моро нигарон намудааст.

Чунин суханҳои таҳқиронаро роҳбари фраксияи ЛДПР дар Думаи давлатӣ В.Жириновский, ки дар барномаи “Поединок” аз 18 апрели соли 2013 баромад мекард, иброз дошт, ки натанҳо роҳбари ҷумҳурӣ, балки миллати тоҷикро таҳқир кардааст.

Суханҳои таҳқиромези В.Жириновский, ки элитаи сиёсии Россияро муаррифӣ менамояд ба рӯҳияи дустию анъанавии Тоҷикистону Русия ҷавобгӯ намебошад.

Ҷониби тоҷикистонӣ изҳороти Д.Рогозин, Муовини Сарвазири Федератсияи Русия, ки якчанд маротиба оид ба воридшавии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо роҳи оҳан равонаи Русия ҳастанду гӯё бо шиносномаи дохилии Тоҷикистон хати марзиро убур менамоянд аз ҳақиқат дур медонад.

Ба ҷониби Русия расонида шуд, ки тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо роҳи оҳан равонаи Россия мешаванд танҳо бо шиносномаи хориҷӣ имконияти хариди чиптаро доранд ва бо дигар ҳуҷҷат аз хатти марзии Тоҷикистон гузашта наметавонанд. Зеро қатора аз ду кишвар (Ӯзбекистон ва Туркманистон), ки бо Тоҷикистон низоми раводидӣ доранд, убур менамояд ва ин кишварҳо шаҳрвандони Тоҷикистонро бо шиносномаи дохилӣ иҷозати гузаштан намедиҳад.

Оид ба додани шиносномаи хориҷӣ ҳаминро бояд қайд намуд, ки Тоҷикистон 15 сол пеш шиносномаҳои хориҷиро ворид намудааст, ки дар ин бобат ҷониби Русия огоҳ карда шуда буд.

Дар ин бора ба сомонаи “Рӯзгор” аз Департаменти иттилоотии Вазорати корҳои хориҷаи ҶТ хабар доданд.

“Рӯзгор”

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854