23:59:47 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Бозори «Фаровон»-и Қӯрғонтеппа боз ба коми оташ рафт

 Бозори марказии шаҳри Қӯрғонтеппа имрӯз, ҳудуди соатҳои 18:30 ба коми оташ рафт. Саидбек Аминов, муовини раиси Хадамоти оташнишонии вилояти Хатлон зимни таъйиди ин хабар ба мо гуфт, ки дар ҳоли ҳозир ҳайате аз маъмурони Хадамоти сӯхтор аз мошини сӯхтор хомӯшкунӣ дар маҳали ҳодиса машғули хомӯш кардани оташ мебошанд.

bozori-farovon-25042013Ҷаноби Аминов гуфт, ки талафоти ҷони дар пайи ин сухтор сабт нашудааст, аммо ба эҳтимоли зиёд хисороте ба тоҷирон расидааст. Вай афзуд, ки то ҳанӯз сабабҳои сар задании сӯхтор рӯшан нест, зеро раванди хомӯш кардани сӯхтор аз сӯи маъмурони Хадамоти оташнишонӣ идома дорад.

Дар ҳамин ҳол хабарнигори мо мегӯяд, ки тоҷирон аз сӯхтори ба амал омада хеле нигарон ҳастанд ва худ дар талоши берун кардани бору маводи худ мебошанд. Аз ин қабл низ дар моҳи марти соли гузашта, ин бозор ба коми оташ рафта буд, ки дар пайи он беш аз 80 дӯкону ғурфа сӯхтаву нобуд шуда буданд.

Бозори "Фаровон" бузургтарин бозор дар маркази шаҳри Қӯрғонтеппа  буда, дар маҷмӯъ ҳудуди ҳазор нафар дар он ҷо кор мекард. Чунин оташсӯзӣ дар чандин бозорҳои бузурги шаҳри Душанбе, аз ҷумла "Саховат" ва "Корвон" ҳам ба вуқӯъ пайваста, ба тоҷирон ҳазорҳо доллар зиён расонидааст.

«Озодӣ»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi