14:31:19 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Даъвати Қодири Қосим ба мурофиаи Димон ва Шерик ба унвони як шоҳид

 Раиси вилояти Бадахшон ва ҳамзамон муовини раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон қарор аст фардо дар додгоҳ ба ҳайси шоҳиди иловагӣ ширкат кунад.

pomir-25042013Файзи Олӣ, вакили мудофеи Шерик Карамхудоев ва Димон Ашӯров ба мо гуфт, ки бо талаби тарафи ҳимоя, қарор аст фардо, панҷшанбеи 25-уми апрел, раиси вилояти Бадахшон Қодири Қосим ба ҳайси шоҳиди иловагӣ ба додгоҳ даъват ва пурсида шавад. Ин нахустин мавриди даъвати як мақоми баландпояи давлатӣ ба мурофиаи додгоҳии марбут ба ҳаводиси Хоруғ ва намунаи камназири ҳузури як раҳбари вилоят дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ хоҳад буд.

Ба гуфтаи тарафи ҳимоя, онҳо мехоҳанд, ки раиси вилоят оид ба вазъи сиёсиву ҳуқуқӣ то 23-юли соли 2012, яъне қабл аз амалиёни низомӣ дар Хоруғ посух гӯяд. Ба гуфтаи вакили мудофеи Димон Ашӯров ва Шерик Карамхудоев, раиси вилоят ба ин пурсишҳо рӯбарӯ хоҳад шуд, ки оё Маҷлиси вакилони халқи Бадахшон ба Хоруғ нерӯҳои ҳукуматиро даъват кард ва ё онҳо бидуни ризояти мақомоти маҳаллӣ вориди Бадахшон шуданд.

Дар ҷараёни амалиёти нерӯҳои низомии Тоҷикистон дар Хоруғ дар тобистони соли гузашата, 23 тан ҳалок шуданд, ки аксари онҳо афроди мулкӣ буданд. Ба гуфтаи сокинони Хоруғ, қурбониҳои мулкӣ дар маҳаллае мезистанд, ки амалиёти вижаи ҳукуматӣҷараён дошт. Ин амалиёт баъди кушта шудани сардони Раёсати амнияти миллии вилояти Бадахшон генерал Абдулло Назаров дар таърихи 21 июл ба роҳ монда шуд. Дар куштори генерал сокинони Хоруғ наздикони Толиб Аёмбеков - як ҷангсолори собиқи маҳаллӣ Оқил Аёмбеков ва ронандаш гунаҳгор дониста шуда равонаи зиндон шуданд.

Додгоҳи Димон Ашӯров ва Шерик Карамхудоев дуввумин мурофиаест, ки ба ҳаводиси Бадахшон рабт дорад. Дар догоҳи аввала ду сокини Хоруғ - Оқил Айёмбеков ва Ҳамза Муродов, бародар ва ронандаи Толиб Айёмбеков, аз фармондеҳони пешини мухолифон дар Бадахшон дар куштори генерал Абдулло Назаров муҷрим шинохта шуда, ба 17 ва 16 соли зиндон маҳкум гардиданд.

Решаи аслии моҷароҳои миёни генерали КДАМ ва гурӯҳи Аёмбеков, ба бовари додгоҳ, вуҷуди коррупсия ва муомилаҳои тиҷоратии пинҳонии миёни ҷонибҳо гуфта мешавад.

Димон Ашӯровро бо айбномаи «ташкили иттиҳоди ҷиноӣ, бетартибиҳои оммавӣ, истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳукумат, фирор ва қаллобиву тақаллуби ҳуҷҷатҳо» айбдор мекунанд. Шерик Карамхудоев, раиси шуъбаи ҲНИТ дар нооромиҳои моҳи июли соли гузашта дар Хоруғ боздошт шуд. Мақомот гуфтанд, ӯ дар ҷараёни ин амалиёт ба нирӯҳои давлатӣ муқовимати мусаллаҳона нишон додааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi