09:39:44 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Гуфтушуниди ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Исфара

Субҳи рӯзи шанбеи 4-уми май, дар Исфара гуфтушуниди ҳайатҳои вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Бодканди Қирғизистон оғоз ёфт.

guftushunid-04052013Ҳайати Тоҷикистонро дар ин музокирот Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд ва ҳайати Қирғизистонро Жениш Раззоқов, ҳокими вилояти Бодканд раҳбарӣ мекунанд. Хабарнигори мо аз маҳалли мулоқот мегӯяд, дар ин гуфтушунид ҳама раҳбарони мақомоти қудратии ду вилоят, раисони ҷамоатҳои марзии Исфараву Бодканд низ ширкат доранд.

Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода зимни суханронӣ дар ифтитоҳи ин музокирот гуфтааст, ки Тоҷикистону Қирғизистон муносибатҳои хуби ҳамсоягӣ доранд ва ҳар мушкили марзие, ки дар масъали замин ва роҳу чарогоҳҳо вуҷуд дорад, бояд бо роҳи гуфтушунид ва дар доираи созишнома ва протоколҳое, ки миёни ин ду кишвар ба имзо расиданд, ҳаллу фасл гардад.

Жениш Раззоқов, ҳокими вилояти Бодканд ҳам зимни таъкид ба муносибатҳои таърихӣ ва ҳамҷавории тоҷикону қирғизҳо, гуфтааст, ки ҳар муноқиша, аз ҷумла муноқишаи ахир, бояд дар чаҳорчуби қавонин ва бо риояти манфиатҳои ҳар ду ҷониб, роҳи ҳалли худро дарёбад.

Масъали меҳварии ин гуфтугӯҳо, дарёфти роҳи ҳалии ниҳоии муноқишаи рӯзи 27-ум апрел мебошад. Дар поёни қисмати аввали гуфтушунид, ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки мақомоти ноҳияҳои Исфара ва Бодканд мушкилоти сокинони марзии худро матраҳ кунанд.

Ҳоло дар толор гуфтушунид идома дорад ва дар поёни ин мулоқот сарони вилоятҳои Суғду Бодканд дар мавриди ҳалли ин муноқишаҳо ва ҷилавгирӣ аз такрори он, тасмим хоҳанд гирифт. Мулоқот дар Осоишгоҳи «Зумратшоҳ», воқеъ дар канори рӯди Исфара сурат мегирад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi