19:55:03 29-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2009 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 25 26 27
28 29 30 31      

Ҳалокати 8 сарбози хориҷӣ дар як рӯз

Рӯзи шанбе дар се ҳодисаи ҷудогона дар Афғонистон 8 сарбози НАТО, аз ҷумла 7 низомии амрикоӣ ва як сарбози олмонӣ, ба ҳалокат расиданд. Ин се маврид 4 майро ба яке аз хунинтарин рӯзҳо барои нирӯҳои ғарбӣ дар Афғонистон дар чанд моҳи охир табдил медиҳад. Мақомҳои эътилофи низомии ғарбӣ мегӯянд, 5 сарбози амрикоӣ бар асари таркиши бомбаи канори роҳ дар вилояти ҷанубии Қандаҳори Афғонистон ҷон бохтанд.

halokati-khorijiho-060513Ду сарбози дигари Амрико дар вилояти ғарбии Фароҳ аз тири як сарбози Урдуи миллии Афғонистон дар натиҷаи як ҳамлаи зоҳиран “худӣ” кушта шуданд. Толибон, ки бо оғози ҳамлаҳои баҳории худ дар як ҳафтаи пеш барои анҷоми як силсила аз чунин ҳамалоти дохилӣ  ваъда додаанд, масъулияти ин ҳамларо бар дӯш гирифтанд.

Қурбонии ҳаштум як сарбози нирӯҳои вижаи Олмон аст, ки дар вилояти шимолии Бағлон дар як тирандозии чирикиҳо алайҳи амалиёти таҳти раҳбарии нирӯҳои афғон кушта шуд. Дар ин ҳамла як сарбози дигари олмонӣҷароҳат бардоштааст.

Вазири дифоъи Олмон Томас де Мейзер дар Берлин гуфт, ин нахустин хисороти ҷонии нирӯҳои вижаи 1000-нафарии кишвараш дар Афғонистон буд: “Баъди муддати тӯлоние ман бори дигар ба мардуми Олмон иттилоъ медиҳам, ки рӯзи 4-уми май дар Афғонистон як сарбози олмонӣ кушта шуд. Як ҳамроҳи ӯ захм бардошт. Мо аз ин хабари шум ба даҳшат омадаем.”

Олмон бо ҳудуди 4000 сарбоз аз нигоҳи шумори нирӯҳо дар эътилофи байналмилалӣ дар  Афғонистон баъди Амрикову Бритониё дар мақоми севум аст. Аммо нирӯҳои Олмон аксаран дар вилоёти нисбатан оромтари шимоли Афғонистон ифои вазифа мекарданд ва ба ин далел то кунун қурбонӣ надодаанд.

Авҷи нави ҳамлаҳо дар Афғонистон дар ҳолест, ки НАТО ба хуруҷи 100 000 нирӯи хориҷӣ аз саросари ин кишвари ҷангзада омодагӣ мегирад. Хуруҷи нирӯҳои ғарбӣ, ки бояд то поёни соли оянда анҷом шавад, суолҳоеро пиромуни то куҷо омода будани нирӯҳои афғон барои касби масъулияти комили амниятӣ эҷод кардааст.

Томас де Мейзер сели ахири ҳамалотро чунин ба қалам дод: “Дирӯз ҳамчунин дар қисматҳои дигари Афғонистон 7 ҳамсангар аз кишварҳои узви ISAF кушта шуданд. Мо барои ин сарбозон низ мотам дорем ва барои хонаводаҳои онҳо низ фикр мекунем. Ин як рӯзи талху хунин дар Афғонистон буд ва мо ҳеҷ гоҳ фаромӯшаш нахоҳем кард.”

Хабаргузории Ассошиэйтед пресс навиштааст, ки дар тӯли як соли гузашта ин бори сеюм аст, ки дар як рӯз дар Афғонистон 7 сарбози амрикоӣ кушта мешаванд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi